Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
медиҳад, даҳани бачадонро, ки баста гашта, аз ин боис он занон нозо шуда бошанд, даҳани бачадонро мекушояд ва зоянда мегардонад.
Тухми хушкашро кӯфта, бехта, бо оби нимгарм биёшоманд, сангҳои гурдаро ҳар навъ, ки бошанд, майда карда мерезонад. Тухми онро кӯфта, дар об тар кунанд, моддаи шилмак ҳосил мешавад, ки инро луоби тухми гулихайрӣ меноманд. Луоби хоми онро бо шакар даромехта, нимгарм сохта бихӯранд, сурфаи гарм ва иллати хун кай карданро дафъ мекунад. Тухми инро кӯфта, бо сирко хамир карда, дар офтоб нишаста, ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, он доғро дафъ месозад; инро бо равғани зайтун ва сирко хамир карда, гузошта банданд, газанди ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад.
Як миқдор аз тухми гулихайрӣ ва бо ду миқдори он хурмо — ҳар дуро якҷо кӯфта, бо сирко хамир карда, ба варамҳои гуногун гузошта банданд, зуд онҳоро таҳлил медиҳад. Агар ин тухмашро бихоянд, ташнагиро мешиканад. Инро дар об ҷӯшонида, ба суми асп, агар он коста бошад, бимоланд, онро рӯёнида пурра месозад. Тухми гулихайрӣ ва шилми бодом — ҳар дуро баробарвазн гирифта, дар об ҷӯш дода, дасту похоро бо он пайдарҳам бишӯянд, барои кафидан ва пӯст партофани кафи дасту похо давои хеле хубе мебошад.
Пӯсти решааш он бисёр қавӣ аст. 10,5 грамм решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, исҳолро мебандад ва иллати кулинч (колит)-ро шифо мебахшад, гиреҳҳои рӯдаҳоро мекушояд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад; исҳолро, ки аз бисёр ҷамъ шудани ҳилти сафро бошад, сӯзиши пешоб (сӯзок), сӯзиш ва варами рӯдаҳоро, инчунин шадидтарин рафтани дарӯн — ҳамаашро дафъ мекунад. Агар тухмашро низ кӯфта, бардавом бихӯранд, барои бемориҳои номбаршуда дору мешавад; ва агар бо шароб даромехта биёшоманд, банд шудан ва ба душворӣ омадани пешобро ислоҳ мекунад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, моддаҳои хомро аз ҳичак берун меронад, барои иллати ирқуннасо дармон мешавад, мушакҳои кафида ва тарқидаро сиҳат мекунад. Тухмаш ва пӯсти решаашро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко ҳамроҳ карда, бо ин таркиб даҳанро чайконанд, дарди дандонро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор