Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

пӯсти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида берун мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад. Агар пӯсти нав ва тозаи онро ё барги тарашро барда- вом бихоянд ё бо сиркои ангурӣ, ки дар он пӯсти са- мар ва тухми он ҷӯшонида шуда бошад, даҳанро чайконанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд ва майна- ро аз моддаҳои бегона, ки барои саломатии ин узв зарар мерасонанд, пок менамояд. Оби барг, пӯст, са- мар ва решаи тари онро нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми даруни онро, ки ҳамеша дарди гӯш меоварад, мекушад. Агар ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшони- да, бо он об сарро бишӯянд, реши сарро, ки сарро баъди муддате кал мекунад, сиҳат мебахшад.

Хоҳ самараш, хоҳ дигар қисми ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал даромехта биёшоманд, балғамҳои гуногуни узвҳои даруни синаро таҳлил ме- диҳад ва аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои даруни синаро таскин медиҳад. Агар самари инро дар намак парпарда, яъне намак хӯронида бихӯранд, ил- лати дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.

Ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд, яъне гулӯро чайконанд, балғамро аз узвҳои нафас дафъ мекунад.

Ҳар як қисми растании мазкурро кӯфта бихӯранд ё дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, узвҳои дохили сина ва шикамро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил дода, аз бадан дур мекунад, гиреҳҳои дар рагҳои ҷигар ва сипурз бударо мекушояд; моддаи бегонаи нопухтаро бо исҳол, яъне аз дарун хориҷ мекунад ва савдоро аз бадан меронад, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, қуввати боҳ (пушти камар)-ро зиёда мегардонад. Самари намакхӯрдаи онро пеш аз таом бихӯранду баъд хӯрок истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад ва ин беҳтарин давое мебошад барои сипурз, хусусан дар сирко ва асал як шабонарӯз андохта монда бошанду баъд бихӯранд; моддаи ғафси савдовиро бо қуввати тамом аз сипурз бо исҳол ва бо воситаи пешоб хориҷ мекунад — баъд сипурз комилан сиҳат мегардад. Агар ба меваи кавар мурчи кӯфтагӣ пошида бихӯранд, гиреҳҳои ҷигари хунукмизоҷро мекушояд. Чил рӯз пайдарҳам самари дар сирко парвардаи онро бихӯранд, даруни сипурзро тамоман пок мекунад ба дараҷае, ки ин узвро аз бадан ёфтан амри муҳол мегардад. Оби

пешина
аз 702
навбатӣ