Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
баргашро бинӯшанд, ҳамаи хелҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро мекушад.
Баргашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, аз рӯ ба сипурз гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад; хусусан бо сирко хамир сохта, аз рӯ гузошта банданд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бавосир нафъ мебахшад. Агар инро ширин нокарда, дар вақти талхияш бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд.
Ҳар як қисми каварро сӯхта, ба дудаш бидоранд, барои бавосир фоида дорад.
Пӯсти тар ё хушки онро кӯфта гузошта банданд ё баргашро кӯфта, бо сирко ва асал хамир карда гузошта банданд, иллати ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои калон ва сахтро, варамҳои зери бағал ва каши ронро мегардонад. Агар кӯфтан инро бо сирко хамир карда, ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, он доғро дафъ мекунад ва ба шукуфаҳои пӯст низ гузошта банданд, шифо мебахшад. Барги тарашро кӯфта, ба решҳои хабиса ва ба решҳои римнок гузошта банданд, онҳоро хушк намуда сиҳат мебахшад.
Оби барги тари онро хоҳ бинӯшанд ва хоҳ бо он ҳукна (клизма) кунанд, бемориҳои иркуннасо ва дардҳоеро, ки дар сурин (қафал) пайдо шуда бошанд, дафъ мекунад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро бихӯранд ё гузошта банданд, бар зидди аксари заҳрҳо тарьёқ мегардад ва агар инро бо шароби ангугӣ истеъмол кунанд, қавитар мегардад.
Мизоҷи гули кавар пеш аз шукуфтан, яъне дар вақти ғунчагнаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Гули каварро истеъмол кунанд, моддаҳои баданро нарм мекунад ва дар ҳама хислатҳо монанди решааш, вале каме аз он заифтар мебошад. Инро хушк карда чун орд соида, ба носурҳои чашм бипошанд, онҳоро хушк месозад ва сиҳат мебахшад. (Носури чашм ин реши кӯҳнаи беҳнашавандаи чашм аст, ки гоҳ аз он рим равон мешавад ва гоҳ римаш хушк мегардаду баъди муддате аз нав равон мешавад).
Самари расидаи ин растаниро дар сирко парварда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, иштиҳоро мекушояд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки гӯё он нест шуда бошад, баданро аз балғам пок месозад, гиреҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор