Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҷигар ва сипурзро мекушояд, вале дар одамони гарм-мизоҷ дарди сар меоварад.
Хиёри кавар, яъне самари ношукуфтаи он дар мизоҷ гарм ва тар аст, мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, яъне барои касони мизоҷи хунук ва тар дошта мувофиқ мебошад.
Хиёри расидаи онро, яъне гӯшти самари шукуфтаи онро нахоида фурӯ баранд ва тухмашро ба дили наҳор бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, вале феъли меъдаро вайрон месозад. Барои ҳамин худашро хоида ва тухмашро кӯфта хӯрдан даркор аст.
Мизоҷи шоҳаш аз баргаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале дар манфиат заифтар аз гули он мебошад. Бо вуҷуди ин агар кӯфта гузошта банданд, ханозери гулӯро таҳлил медиҳад ва дигар варамҳои балғамиро мегардонад, инчунин носури чашмро дафъ мекунад. Оби барг ва оби шоҳи тари онро бинӯшанд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро, ки кирмҳои сурхи дароз мебошанд, мекушад. Шоҳ, барги тар ё хушки онро кӯфта, бо зифт даромехта гузошта банданд, решҳои раддӣ ва беҳнашавандаеро, ки рутубаташон ба асал монанд аст, шифо мебахшад, захмҳои хабисаро низ дафъ мекунад, варамҳои ханозер ва дигар варамҳои балғамиро зуд таҳлил медиҳад. Шоҳаш, яъне пояаш дар хислатҳои тиббӣ аз барги он қавитар аст.
Ҳамаи қисмҳои каварро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд, майнаро аз олоишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар узвҳои даруни сина пайдошударо мекушояд.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз ё аз оби пояаш то 25 грамм аст, ки бояд бо сирко ва бо шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд. Миқдори як бор хӯрдан аз кӯфтаи решаи хушки он дар як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 25—30 граммашро биҷӯшонанд.
Бояд огоҳ кунем, ки истеъмоли ин ба дарун барои меъдаҳои одамони гарммизоҷ ва меъдаҳои табиатан гарм зарар дорад. Дар ин ҳолат асалро бо сирко турш карда бихӯранд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба гурдаи гарммизоҷон низ зарарнок аст, агар ба ин узв зарар расонад, асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчунин ба майнаи гарммизоҷон зарарнок аст — дар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор