Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

равған бирён кунанду муддате дам карда монанд, то хуб бипазад. Сонӣ бо сирко ё оби анор ва ғайра бихӯранд. Агар бо ин хӯришҳо истеъмол фармоянд, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо намекунад. Инчунин мумкин аст дар танӯр ё дар кӯри оташ бипазад. Баъд онро аз пӯст ҷудо карда, намак ва пиёзи реза дохил намуда, каме занҷабил пошида ва камтар ҷуғрот андохта бихӯранд. Ё дар об ҷӯш дода, оби онро партофта, баъд пухта, бо хӯришҳои мазкур бихӯранд.

Мизоҷи бодинҷон дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; гиреҳҳоеро, ки ба ғайр аз худаш пайдокарда ба амал омада бошанд, мекушояд, зеро ки худаш ҳам пайдокунандаи гиреҳ дар ҷигар ва сипурз аст, сахтиҳои узвҳои дохилиро мулоим мекунад. Агар инро бо равған бихӯранд дарунро мулоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, инчунин дардҳоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад, араки баданро хушбӯй мегардонад, дар арақ хун омаданро қатъ мекунад, бадбӯии каши рон ва зери бағалро дафъ менамояд ва рутубатҳои бегонаро аз бадан хориҷ месозад.

Вале агар инро бисёр бихӯранд, дардҳои паҳлу ва зери ноф, инчунин иллати бавосиро ба амал меоварад, ҳилти савдоро ҳосил мегардонад. Агар бардавом бихӯранд, ранги рухсорро безеб менамояд, ҷӯшиши пӯст ва шукуфаи пӯстро ба зуҳур меоварад; ба иллатҳои бавосир, кулинч ва дарди чашми савдовӣ гирифтор мекунад. Дар ин мавриди онро бо гӯштҳо ва равғани пухта хӯранд, безарар мегардад.

Агар инро ба таври гуфтаҳои боло пухта, дар хӯрданаш мудовамат намоянд, меъдаро қувват медиҳад ва иллати таомхӯрда қай карданро ислоҳ мекунад.

Чун аз тухми пухтагии он 25 грамм обашро гирифта, дар шароб хуб бимоланду бинӯшанд, пешобро равон мекунад.

Чун ҳангоми бодинҷонро дар об тар кардан об тез ва сиёҳ мегардад, бо ин об чанд мартаба дасту поҳои арақинро бишӯянд, қатъи арақ кардани онҳо менамояд.

Чун бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир

пешина
аз 702
навбатӣ