Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.
Чун дунболаи онро дар соя хушк намуда, маҳин ос карда, баъд аз мавзеъро бо равғани бодоми талх чарб кардан ба бавосир ва дигар варамҳо бипошанд, фоида дорад.
Чун бодинҷонҳои кӯчакро дар андак обе ва каме намак андохта бипазанду фишурда оби онро бигиранд ва бо ҳамвазни он равғани зайтун бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об бухор шаваду равған бимонад. Ин равғанро рӯзона бар озахҳо бимоланд ва шаб суфли онро, ки баъд аз фишурда обашро гирифтан мондааст, ба озах гузошта банданд, онро хушк карда меафтонад. Агар ба ҷои равғани зайтун равғани зағирро дар ин амал ба кор баранд, барои тарқидан ва варамҳои асаб, инчунин ба сармозадагӣ муфид мебошад.
Чун бодинҷони зардшударо бо тухмаш то муҳарро шудан бипазанд ва баъд тухми онро маҳин ос карда, бо мумравған даромехта, ба тарқишҳои миёни ангуштон ва пошнаи по бимоланд, дарҳол сиҳат мегардонад.
Чун даруни бодинҷони зардшударо холӣ карда, ковокии онро аз равғани каду пур намуда, дар зери оташи танӯри нимгарм муддати як рӯз бигузоранд, баъд равғанро бароварда, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро дафъ мекунад. Агар ба ин равған косабарги гулашро кӯфта изофа намоянд, барои бавосир давои бемисл хоҳад гашт.
- Боқило
Инро дар мавзеъҳои кӯҳистони Республики Тоҷикистон зироат мекунанд. Донааш ба андозаи донаи нахӯд ва ба он андаке шабоҳат дорад. Дар як ғилоф аз чор то ҳафт адад дон мегирад. Ин аз тухмиҳои дутабақа (дуҳиссагӣ) аст. Рангаш гоҳ пуштии ба зардӣ моил ва гоҳ сиёҳ мешавад.
Мизоҷи наврасидан он дар дараҷаи якум сард ва тар аст ва мизоҷи хушки он дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар аз орди боқило нон пухта, пагоҳӣ сер шуда бихӯранд, то дер хӯрок намехоҳанд. Инро бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои зарарнок пок месозад ва инчунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор