Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Гулашро кӯфта, ба сар гузошта бабанд, ҳарорати баланди магзи сарро паст мекунад.

Чун донаҳои боқилоро кӯфта, ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта бабанд, мӯй намерӯяд ва агар ба мавзеъи мӯяш тарошидашуда бибанданд, мӯйро аз баромадан манъ месозад.

Хӯрдани боқило шикамро дам мекунад, париши пӯсти баданро ба амал меоварад, ба майна гаронӣ мебахшад, зеҳнро ҳам кунд мекунад. Барои ин тавр зарар накарданаш онро кӯфта, аз пӯст ҷудо сохта, дар об ҷӯшонида ва он обро партофта ва баъд бо равғани бодом ва давоҳои гарммизоҷи монандӣ: кокутӣ, мурч, дорчинӣ, қаранфули гардан ва пудина хӯрдан аст. Инчунин хӯрдани боқило хобҳои мушаваш мебинонад ва дар бадан хориш пайдо мекунад.

Дар боқилои кӯҳна боднокӣ назар ба наваш камтар аст. Инчунин мукашшари он, яъне аз пӯст ҷудо кардани он камбодтар мебошад.

Хокистари гиёҳи боқилоро бипошанд, догеро, ки аз кӯтури сиёҳ боқӣ монда бошад, пок мекунад.

  1. Сунбул

Ин растаниест баргаш ба барги кашниз монанд, поя надорад. Тухмаш дар гирдогирди баргҳои болиғаш ҷой гирифтааст, ки аз спораҳо иборат мебошад. Ин дар ҷойҳои намнок, дар санг ва шӯҳсангҳои тар мерӯяд. Банди баргаш ришта барин борик ва сиёҳи баррок мебошад.

Қувваташ то шаш моҳ боқӣ мемонад.

Мизоҷаш мӯътадил ва андак моил ба гармӣ ва хушкист.

Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, ахлоти сафро, савдо ва балғамро аз меъда ва рӯдаҳо ронда, бо исҳол дафъ мекунад, инчунин ба иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш, дамкӯтаҳӣ, зик-ун-нафас ва зардпарвин даво мешавад; ҳайз ва пешобро ҷорӣ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зиёни саги девона газидаро дафъ мекунад.

Оберо, ки сунбул дар он ҷӯшонида шуда бошад, дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад. Ин обро дар бинӣ ва бар сар бирезанд, бастагии сӯрохи биниро мекушояд ва зукомро ба ибро меоварад.

пешина
аз 702
навбатӣ