Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ин узвҳоро қувват мебахшад, аз майна рехтани моддаҳои рақиқро манъ мекунад, сурфаро таскин медиҳад, боҳро қавӣ мегардонад, захми рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, исҳолро мебандад ва кайро манъ мекунад. Агар боқилоро бо об ва сирко пухта, бо пӯсташ бихӯранд, исҳолеро, ки сабабаш захми рӯдаҳо бошад ва агарчи кӯҳна шуда бошад, қатъ менамояд. Орди онро бо равғани бодом ва қанди сафед даромехта бихӯранд, барои сурфа, дағалии узвҳои даруни синаву ҳалқум фоида дорад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барои дағалии ҳалқ ва пок кардани бадан аз рутубатҳо дармон мешавад ва намегузорад, ки дар гурда ва ҳичак санг пайдо гардад, инчунин гиреҳҳои баданро мекушояд.
Орди онро бо орди ҷав бо каме об хамир карда, ба пистони зарбхӯрда ва варамида, ки сабаби варам шах шудани шир дар он бошад, шифо мебахшад.
Агар инро бо сирко, наъноъ, ҳулба ва асал хамир карда гузошта банданд, пучак, варами буни гӯш ва зери чашмро таҳлил медиҳад. Орди инро бо мустако, кӯфтаи гулисурх ва сафедаи тухми мурғ хамир сохта, гузошта банданд, саққои чашмро, ки аз косахонааш баромада бошад, ба ҷояш мебарад. Бо гули гулихӯрӣ хамир карда гузошта банданд, варами хоя ва варамҳои гармро таҳлил медиҳад. Агар инро бо шароб пухта гузошта банданд, варамҳои рагҳои буни ронро ба ибро меоварад; ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд, онҳоро аз пӯсти рӯ пок месозад, ба ханозер гузошта банданд, низ онро таҳлил медиҳад.
Чун донаи боқилои навро ду ҳисса карда, тарафи даруни онро ба захме, ки аз ҷои зулукгузошта хун равон бошад, бигузоранд, хуни онро манъ мекунад ва инчунин ба дигар ҷароҳатҳо низ бигузоранд, монеи рафтани хуни онҳо мешавад. Агар инро ба ҷое, ки саги девона газида бошад, бибанданд, заҳри онро мекашад.
Боқилоро маҳин ос карда, дар чашм бипошанд, рехтани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад.
Пӯсти онро ба доғи сафеди пӯсти бадан гузошта банданд, онро аз пӯст дур месозад.
Барг ва пӯчоқи ғилофи онро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯсти бадан ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор