Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сабабаш зиёд гаштани сафрои зангории раддӣ бошад, даво мешавад, ҳозимаро, яъне меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурзро қувват мебахшад.

  1. Чилмангӯштак

Ин гиёҳро тоҷикони шимол аз ӯзбекӣ гирифта, семизут меноманд. Растании мазкур ба ҳама маълум аст, шоҳҳояш ба замин паҳн шуда месабзад, сурхранг, обаш бисёр, баргаш ғафси шикананда, гулаш зардӣ майда, баъд тухм мебандад. Дар як кубба 15—20 дона тухмҳои майда дорад. Гиёҳаш аксар дар байни зироатҳо мерӯяд.

Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: барг ва шоҳашро бихӯранд, баданро аз сафро пок мегардонад ва ҷӯшиши ин хилтро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол меоварад; ҳарорати ҷигар ва гармии меъдаро ва инчунин шиддати табҳои тафсонро таскин медиҳад; ташнагиро мешиканад, барои бемории қанд фоида дорад, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, сокин мекунад; хун кай карданро қатъ месозад ва аз даруни сина омадани римро манъ менамояд, назлаҳои гармро мебандад, майнаро сард мегардонад, кайро бозмедорад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, носурро, ки решҳои бехнашаванда аст, инчунин бавосирро фоида дорад.

Агар ин гиёҳро бо андак равған ва пиёз бирён карда бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад ва ба рӯдаҳо қувват мебахшад. Агар инро ба оши беморон ҳамроҳ карда бидиҳанд, бисёр фоида дорад. Агар инро одамони лоғар ва хушкбадан бихӯранд, бадани онҳоро аз рутубат таъмин мекунад ва фарбеҳ мегардонад. Гиёҳи тари инро бо корд реза карда, ба он сирко пошида бихӯранд, агарчи ҳамчун ғизо камқувват ҳам бошад, дардҳои гурдаро фоида дорад. Инро бихоянд, кундии, яъне гирифтагии дандонҳоро ба ислоҳ меоварад, вале аз ҳад бисёр бихоянд ё бихӯранд, баръакс, дандонҳоро кунд мегардонад.

Оби ин гиёҳро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи чилмангӯштак меноманд. Усораи инро бо равғани гулисурх даромехта гузошта банданд, дарди сари гарми луққосиро таскин медиҳад, барои сӯхтагии оташ

пешина
аз 702
навбатӣ