Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дармон мешавад, варамҳои гармро мегардонад. Агар инро бо шароб хамир карда гузошта банданд, обила ва доначаҳои ба сар дамидаро дафъ мекунад.

Оби ин гиёҳро бо орди ҷав хамир карда ба сар гузошта банданд, дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад; ба чашм гузошта банданд, варамҳои гарми онро мегардонад; шақокалусро, яъне варами ширёнҳои майнаро дар ҳолати ибтидо бошад, шифо мебахшад, инчунин варамҳои мағзи сарро ба ибро меоварад; кӯтур, хориши бадан, варами хояҳо, захмҳои сар ва ҷамра (карбункул)-ро дафъ мекунад.

Агар танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, ҳарорати аъзоро таскин медиҳад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Агар инро аз берун ба меъда ва ҷигар гузошта банданд, ҳарорати ин узвҳоро паст мекунад. Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, ба кафи дасту поҳо бибанданд, тафси онҳоро таскин медиҳад ва ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, онро нест мекунад (лекин барои доғи сафеди пӯст якчанд бор бояд бибанданд).

Агар инро кӯфта, бардавом бимоланд, низ барои бемориҳои номбурда дармон мешавад.

Оби инро бо равғани гулисурх даромехта, ба сар кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сари гарми луқкосӣ даво мешавад. Агар бо оби он ҳуқна кунанд, дарди хояҳоро, ки аз гармӣ бошад, барҳам медиҳад ва омадани моддаҳои бегонаро аз рӯдаҳо ва аз бачадон манъ мегардонад.

Барги ин гиёҳро одамони гарммизоҷ бихӯранд, қуввати боҳро зиёда мегардонад, вале агар хунукмизоҷон бихӯранд, баръакс, пушти камари онҳоро суст мегардонад, иштиҳоишонро гум месозад.

Агар ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, торикии чашм меоварад — дар ин ҳолат карафс ва наъноъ бихӯранд, ислоҳи ҳол мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз оби ин дар як рӯз то 100 грамм аст.

Агар гиёҳи инро дар ҷойгоҳ паҳн карда, бар болояш бихобанд, ихтиломро, яъне дар вақти хоб шайгон заданро манъ мекунад.

Хислати тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби он аст, вале аз он каме заифтар, қуввати таскиндиҳандагӣ дорад ва дар бобати сокин кардани ташнагӣ аз аргаш қавитар мебошад. Агар инро кӯфта, ба даруни

пешина
аз 702
навбатӣ