Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

абрӯ бимоланд, беҳтар аз рангҳои дигар асар мекунад.

Самари балут башиддат хушккунанда ва манъкунандаи ҳаракати моддаҳо мебошад: барои ҷароҳатҳо, манъ кардани рутубат ва хуни равонгашта хоҳ бихӯранд, хоҳ гузошта банданд, нафъи тамом мебахшад.
Барои иллати ҷурра, яъне даридани пардаҳои шикам дар зери пӯст, гузошта банданд ҳам, шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷуфти балут дар як рӯз 4,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯш дода, он обро нӯшидани бошанд, 15 грамм дар об бияндозанд.

Чун пӯсти дарахти балутро муҳарро пухта, як шаби комил бар мӯй гармбандӣ кунанд ё гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад ба шарте, ки сарро бо кӯфтаи булӯри бӯр шуста бошанду баъд гузошта банданд.

Вале хӯрдани самари кастона андак ҳарорат ва қабз мебахшад. Хушкӣ дар ин камтар аз ҷуфти балут аст. Вале ҳамчун ғизо аз он афзун мебошад, поккунандагиаш ҳам зиёдтар аст, баданро фарбеҳ месозад, равғани гурдаро зиёд мегардонад.

Самари кастонаро дар хамир ё дар гил печонида, дар кӯри оташ пухта, бо мураббои сабзӣ ва дигар ошомиданиҳои қувватбахш бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад; барои балан қувват мебахшад (аз ҷумла ба камари занони наззоида қувватбахш аст); барои аз бадан дафъ намудани заҳрҳо хеле пуртаъсир аст. Дар дигар хислатҳо заифтар аз ҷуфти балут аст ва бодангез мебошад.

Хоҳ ҷуфти балут ва хоҳ самари кастонаро бихӯранд, ба халқ ва ба ҳичак зарар дорад. Дар ин маврид тухми себарга, шакар, сиканҷабин — ҳар кадомашро, ки дастрас бошад, биёшоманд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  1. Кирмрезонак

Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон кирмгулонак ҳам меноманд. Номи аслии ва қадимаи тоҷикиаш банг аст ва тухмашро дар арабӣ базр-ул-банҷ меноманд ва тоҷикон бангдона мехонанд. Баргаш сербар ва дарози кунгурадор, дар ранг сабзи моил ба сиёҳӣ мебошад.
Пояаш каме пашмак дорад. Самараш дар ғилофе ба гули анор мемонад, вале майда аст. Қадди гиёҳаш вобаста ба қувват ва намнокии хок аст, яъне аз 10 то

пешина
аз 702
навбатӣ