Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

40 сантиметр мехезад. Ин се навъ мешавад: 1. Навъи сиёҳашро гули бунафш ва ба хотири гулаш инро банги сиёҳ мемонанд. 2. Навъи сурхашро гул моил ба сурхи зардтоб. 3. Навъи сафедашро ранги гулаш моил ба сафедӣ, бинобар банги сафед мехонанд. Бояд таъкид кунем, ки навъҳои сиёҳ ва сурхаш заҳрнок аст ва инро ба дарун истеъмол намекунанд. Аммо сафеди инро дар тибби қадим ба дарун ҳам ҳамчун даво истифода мекунанд. Ҳар сеи намуди инро тухмаш гӯё дар даруни кифи кӯчак, ки сарпӯш дошта бошад, ҷой гирифтаанд.

Мизоҷи навъи сиёҳи он сард ва хушк дар дараҷаи саввум, балки ба дараҷаи чорум наздиктар, мизоҷи навъи сурхаш аз он пасттар ва оқибат, мизоҷи қисми сафеди он дар дараҷа аз ҳамаи дигарҳояш пасттар аст, яъне дар аввали дараҷаи саввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, дардҳои чашм ва гӯшро басанда месозад.

Тухмашро кӯфта, бо ягон шароб хамир сохта гузошта банданд, иллати никрисро, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, шифо мебахшад, варамҳои пистон ва хояҳоро мегардонад.

Агар оби ин гиёҳро баъд аз кандани мӯи ягон ҷои бадан ба он ҷо чанд бор бимоланд, дигар мӯй намерӯяд.

Хокистари ин гиёҳро бо кӯфтани дорчинӣ, занҷабил ва асал хамир карда, аз рӯ бимоланд, дарди меъдаро дафъ мекунад. Ва инро бо анҷир якҷо кӯфта, фатила сохта, яъне ба ягон матои тунук печонида, дар макъад бардоранд, бавосирро шифо мебахшад, инчунин бемориҳои дигари макъадро дафъ мекунад.

Чун барг ва шохҳои онро дар хӯрокҳои ғализ бипазанду бихӯранд, барои фарбеҳ кардани бадан давои бисёр хубест, вале то се рӯз ақлро беҷо менамояд.

Се-чор адад барги онро бо шароб бихӯранд, таберо, ки ҳам тафсонад ва ҳам хунук хӯронад, дафъ мекунад, инчунин дарди устухонҳоро таскин медиҳад.

Агар инро сӯхта, ба дудаш бидоранд, кӯтури дастро шифо мебахшад, кирми дандонро мерезонад, рафтани хунро аз ҳар узви бадан, ки бошад, қатъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ