Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бошанд, набояд бисьёр ҷӯш диҳанд, зеро ки аз чӯши бисьёр қувваташ парида нобуд мегардад. Агар бунафшаро бо шакар бихӯранд, таъсир ва қувваташ зиёда мегардад.
3,5 грамм оби баргашро бо як грамм шакар ба кӯдакон бихӯронанд, рострӯдаи берунбаромадаи онҳоро аз нав ба ҷояш мебарад.
Агар баргашро кӯфта, аз рӯ ба меъда гузошта банданд, тафси ин узвро таскин медиҳад, ва агар ба чашм гузошта банданд, гармии онро паст мекунад, ба мақсад гузошта банданд, баромадани рӯдаи ростро аз нав ба ҷояш мебарад ва ба кӯтури савдовӣ ва ба хоришак гузошта банданд, онҳоро сиҳат мекунад.
Аз гулаш шароб тайёр карда биёшоманд, дард ва варамҳои пардаҳои даруни сина ва варами шушро шифо мебахшад, тафси меъдаро паст мекунад.
Мизоҷи равғанаш хунук ва тар аст.
Ин равған барои хоб овардан, кӯтур, чароҳатҳо, хушкии узвҳои даруни сина, сурфа, рехтани мӯй, мулоим кардани узвҳо ва буғумҳо ба кор меравад, инчунин саломатии нохунро нигоҳ медорад.
Агар баъди ҳар дафъа дар ҳаммом арақ кардан 7 грамми ин равғанро бихӯранд, зиқ-ун-нафасро дафъ мекунад. Ин равғанро бо муми занбӯри асал даромехта, ба синаи тифлон гузошта банданд, барои сурфаи онҳо бағоят фоида дорад. Агар инро бо чакрарез ба даруни сӯрохи закар чаконанд, сӯзокро шифо мебахшад ва ҳарорати баланди ҳиҷакро паст мекунад. Ва агар инро ба даруни бинӣ кашанд дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад, беҳобиро дафъ мекунад. Ва агар инро бар ноф бимоланд, сурфаи кӯҳнаро ба ибро меоварад.
Пахтаро ба равғани бунафша олуда, ба мақсад гузошта банданд, дар бобати хоб овардан доруҳои дигар ба ин баробар шуда наметавонанд.
Тариқи тайёр кардани равғани бунафша ин аст. Дар таносуби ба ҳар 300 грамм равғани кунҷиди нав 135 грамм гули тару тозаи бунафшаро дар шиша андохта, ба офтоб мегузоранд. Ранги бунафша ва бӯи он ба равған гузарад, фишурда, он гулро дур мекунанду гули нав меандозанд. Ин амалро се-чор мартаба такрор намуда, баъд равғанро соф карда мегиранд, ки ҳамин равғани бунафша ҳисоб меёбад.
Шароби бунафшаро, ки бо шакар тайёр карда бошанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор