Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
биёшоманд, сурфаро дафъ мекунад. Ҳамчунин хӯрдани мураббои он барои варам ва дарди пардаҳои даруни сина ва варами шуш доруи хубест, дарди гурдаро низ шифо мебахшад.
- Қаҳва
Ин ба ҳама маълум аст, ки самари бепӯсти онро аз мамлакатҳои гарм ба диёри мо меоваранд. Инро ҳам соида ва ҳам донаашро истифода мекунанд.
Мизоҷи мағзи тухмаш дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил, вале хушкиаш зиёдтар аст. Мизоҷи пӯсти самараш андак гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари бепӯсти онро дар об ҷӯшонида, он обро ё соидаи онро дар оби ҷӯш ҳал карда бинӯшанд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мекунад, тезӣ ва сӯзиши сафровиро, инчунин савдеро сокин мегардонад, ахлоти ғафсро рақиқ месозад, бинобар ин табҳоеро, ки аз зиёд гаштани хун, савдо ва сафро ҳодис шуда бошанд, дафъ менамояд; хусусан дар аввалҳо ва баъд аз ба рӯи пӯст зада баромадани донаҳои сурҳича ва нағзак, инчунин ҳангоми гирифтани таби дурӯздармиён бисёр фоида дорад; шарон (аллергияи) сафровӣ ва дилтапак (дилбозӣ)-ро судманд аст; дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, рутубатҳои зарарнокро хушк мегардонад, барои дафъ кардани сурфаи балғамӣ, назлаҳо ва мондагӣ даво мешавад, меъдаро қувват мебахшад; аксари навъҳои дарди сар, молихулиё ва дарди чашмро шифо мебахшад.
Соидаи қаҳваро бо асал хамир карда ба узве, ки аз ҷояш берун рафта бошад, гузошта банданд, онро ба ҷояш меоварад. Агар ин хамираро лесида бихӯ- ранд, сурфаи гарм ва тарро басанда менамояд, инчу- нин сустӣ ва пажмурдагии меъдаро бо воситаи хушк гардонидани рутубатҳои зарарноки он ба ҳоли сиҳат меоварад ва намегузорад, ки бухорҳои бегонаи меъда ба мағзи сар бароянд. Хусусан нимбиръёни ин исҳол- ро мебандад ва дар натиҷаи бисёр хоб кардан, ин- чунин ба ташнагӣ ва хӯроки кам қаноат намудан ми- зоҷ ба сустӣ табдил ёбад ва вайрон шавад, фоида до- рад, мондагӣ ва лоҳасии баданро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор