Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Аммо истеъмоли қаҳва ба дарун барои баъзеҳо дарди сар меоварад, боиси бедорӣ ва лоғарии бадан мегардад, ранги рӯйро зард мекунад, орзуи боҳро қатъ менамояд, маниро кам месозад, бод пайдо мекунад; ба иллатҳои дилтапак ва кулинҷ гирифтор менамояд, дар ҳангоми хоб сиҳӣ паҳш мекунонад, узвҳои нафасро хушк ва дағал мегардонад ва бавосирро ба амал меоварад. Хуллас, одамони сардмизоҷ ва тармизоҷро дар баданашон ахлоти мурдор ҷой гирифта бошанд, қаҳваи бирӯёнкарда зарар дорад. Дар обе, ки дар он қаҳва ҷӯшонида шуда бошад, чанд тор аз заъфарон андозанду баъд онро бинӯшанд, дилро қавӣ мегардонад.
Агар қаҳва зарар кунад, чизҳои ширин ва равғанҳоро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  1. Себ

Маълум аст, ки ин самари дарахт мебошад. Беҳтаринаш расидаи шодоби он аст.
Мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст; мизоҷи турши он дар аввали дуввум сард ва хушк; мизоҷи себи майхуш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар якум хушк мебошад. Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахташ сард ва хушк аст. Барг ва мевааш қуввати тарёқӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои меваашро бихӯранд, фараҳ мебахшад; дил, майна ва ҷигарро қавӣ мегардонад, инчунин бӯиданаш ҳам чунин хислатҳоро дорост. Хӯрдани он барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафас дору мешавад; сари меъдаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта гарданд, инчунин иштиҳоро мекушояд.
Себи ширинро бихӯранд, фараҳ мебахшад, сабуккунандаи рӯҳи ҳайвонӣ, яъне қувватҳои ҷисмониро кушоиш медиҳад ва агар дар меъда хилти сафро бошад, худаш низ зуд ба сафро табдил меёбад. Агар инро пухта бихӯранд, барои сурфаи хушк дармон мешавад. Обашро бо шарбати қандин ва обгӯшт биёшоманд, иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Руббашро, яъне обашро то ғафс шудан ҷӯшонида ё шароби инро биёшоманд, дар ҳама ҷиҳат қавитар мегардад, хусусан барои фараҳ овардан, дар бобати қувват бахшидан

пешина
аз 702
навбатӣ