Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

исҳоли сафровиро мебандад ва қайи сафровиро манъ мекунад. Ин ба касоне, ки исҳоли хунин дошта бо- шанд ва инчунин ба шуш ҳам зарар меоварад. Агар инро дар хӯрдан мудовамат намоянд, ба асабҳо зиён мекунад. Шароб ва мураббои он дар манфаат монан- ди худаш мебошад, фақат камтар гармӣ дорад ва ба- рои васвоси савдовӣ назар ба ширинии он манфаатнок- тар аст.

Усораи себи расида ва баргҳои, яъне оби барг ва самари (себи) онро дар офтоб ғафс гардонанд, усораи он номида мешавад. Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз аз 25 то 35 грамм аст. Агар инро бимо- ланд, низ заҳри каждумро дафъ мекунад, инчунин газанди дигар заҳрҳоро мешиканад.

Барги тари себро кӯфта гузошта банданд, варам- хои гармро дар аввали пайдоиш нафъ дорад.

Гули себро хоҳ бо заъфарон, хоҳ бо савсани кӯҳӣ ё бо чадвор бихӯранд, ахлоти бадбӯро дар бадан ба ис- лоҳ меоварад.

Мураббои гули себ, яъне гулканди гули себ ба- рои сустии дил, майна ва барои барангехтани орзу ва ҳаракати бох (пушти камар) даво мешавад. Гули онро бо ду баробар вазни он шираи гулканди гули- сурх даромехта, монандӣ гулканди гулисурх тартиб ди- ханд, барои бемориҳои мазкур нафъ дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гулканди гули себ дар як рӯз то 30 грамм аст.

Хуллас, бояд ки одамони гарммизоҷ себи турш ва майхуши онро бихӯранд ва сардмизоҷон ширинашро тановул намоянд. Касони балғамимизоҷ ширину тун- чи онро бояд бихӯранд. Агар аз хӯрдани ин дар худ вазнини ҳис кунанд, бояд аз болои он себи хунук на- нӯшанд, инчунин таоми турш тановул накунанд ва, инак, то аз меъда фуромадани он ғизо истеъмол на- фармоянд.

Себи бемазаро ба ҳеҷ кас раво нест, ки бихӯранд.

  1. Хурмо

Ин самари машҳур ва маълум аст, инро ба мам- лакати мо аз диёрҳои хориҷаи гармистон меоваранд. Мизоҷи ин самар дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

пешина
аз 702
навбатӣ