Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо пуркувват аст, аз он дар бадан хуни устувор пайдо мешавад; барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва мондагӣ дармон мешавад; гурдаи лоғарро қавӣ мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, барои одамони сардмизоҷ қуввати боҳ мебахшад ва бемориҳои аз сардӣ баамаломадаро нафъ дорад, дарди камарро дафъ месозад, буғумҳои баданро мулоим мегардонад; барои узвҳои даруни сина ва шуши сардмизоҷон мувофиқ ва форам аст.

Хурморо дар об ҷӯшонида, он обро бо ҳулба биёшоманд, таби балғамиро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; агар ин обро бо биринҷи пухтагӣ бихӯранд, одамони лоғарро фарбеҳ мегардонад.

Хурморо як шабонарӯз дар шири навдӯшида, хусусан бо дорчинӣ тар карда, баъд бихӯранд ва аз болои он боз шири навдӯшида биёшоманд, боҳро қавӣ мегардонад, лекин вазнин ва дерҳазм аст, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.

Хӯрдани ин барои одамони гарммизоҷ ва сокинони сарзаминҳои гарм зарар дорад.

Одамони он диёр, ки дар онҳо хурмо намерӯяд, набояд инро бисёр истеъмол фармоянд. Зеро дар бадани онҳо ҳилти савдо пайдо мекунад, дар ҷигарашон гиреҳро ба амал меоварад, таб мегиронад, хунро месӯзонад, ахлоти баданро бадбӯ месозад, дарди сар медиҳад, дар даҳан ҷӯшиш пайдо мекунад, чашмро ба дард меоварад, ба дарди дандон гирифтор менамояд.
Дар ин ҳолатҳо оби анор, сиканҷабин (сиркоасал), равғанҳо ва бодоми ширин истеъмол намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Инчунин баъди хурморо хӯрдан даҳанро бо об бишӯянд, хуб аст.

Хуллас, агар хурморо гарммизоҷон бихӯранд, бемориҳои зиёдеро ба амал меоварад, вале агар инро сардмизоҷон бихӯранд, иллатҳои аз сардӣ ҳодисшударо шифо мебахшад.

Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Агар инро чун орд махин кӯфта, бихӯранд, исҳолро мебандад ва ҳатто дарунро сахт мекунад.

Агар донаки онро, яъне тухмашро сӯхта, ос карда,
ба пешҳои хабиса (злокачественные язвы) бипошанд,
сиҳат мебахшад. Ин сӯхтан инро кӯфта, дар об шуста.

пешина
аз 702
навбатӣ