Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Анҷирро бо ҳулба ва асал биҷушонанд ба дараҷае, ки қивомаш лесиданбоб гардад, баъд онро лесида бихӯранд, барои пок кардани узвҳои даруни сина ва шуш дармон мегардад.

Анҷирро бо мағзи чормағз бихӯранд, кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст, таҳлил медиҳад ва касонеро, ки дарунашон хушк ояд, даруни онҳо мулоим мегардонад.

Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об, ки ширгарм бошад, ҳукна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.

Чун анҷирро дар сиркои тунди ангури нӯҳ рӯз тар карда, баъд ҳар рӯз панҷ адади онро бо камтари ой сирко биёшоманд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Анҷири хомро дар сирко парпарда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда бихӯранд, низ чунин таъсирро дорад.

Анҷир ва мағзи чормағз — аз ҳар ду баробармиқдор гирифта, кӯфта, ҳар рӯз аз ин 90 грамм бихӯранд, боҳ ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад, дарунро меронад, инчунин барои газидани каждум ва дигар заҳрҳо тарйёк мешавад.

Аз анҷир шарбат тайёр карда биёшоманд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд; гурда ва ҳичакро аз чизҳои бегона пок мекунад.

Анҷири кӯҳӣ (саҳроӣ) дар ҳама бобат аз анҷири боғӣ қавитар аст.

Самари инро пухта, батанҳои кӯфта ё бо орди гандум, ё бо орди ҷав, ё бо решаи савсани кӯҳӣ хамир карда гузошта банданд, варамҳои баногӯш ва дигар варамҳои сахтро ва инчунин ханозерро таҳлил медиҳад; озахҳоро хушк карда мерезонад, асаби шахшударо мулоим мекунад; ҳол ва доғҳои сиёҳи пӯст, инчунин доғи сафеди пӯстро дафъ менамояд; дарди буғумҳо, никрус (подагра)-ро ба ибро меоварад. Агар инро бо хамири расида ё бо хамиртуруш сиришта гузошта банданд, пучакҳоро мепазонад; агар бо зоки кӯфтагӣ сиришта гузошта банданд, захмҳои соқи поро, ки зардоб аз онҳо равон бошад, шифо мебахшад; бо кӯфтаи пӯсти анор сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун дору мешавад. Оберо, ки дар он анҷири кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бо шаробе, ки орди ҷав ва талхшувокро кӯфта, дар он дохил

пешина
аз 702
навбатӣ