Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
карда бошанд, даромехта, ба абни (калон шудан ва варам кардану бод гирифтани меъда) гузошта банданд, шифо мебахшад.
Пухтаи онро бо орди ҷав хамир карда гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад. Ин анҷирро кӯфта, бо равғани зайтун хамир сохта, ба дандон бимоланд, дандонҳоро сафед мекунад, милки дандонро сахт ва қавӣ мегардонад ва рафтани хунро аз он қатъ месозад.
Агар кӯфтаи ин анҷирро ба захмҳо бипошанд, онҳоро аз рим пок мекунад. Ва агар инро ба доғҳои пӯст гузошта банданд, онҳоро дафъ мекунад. Агар инро бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад.
Анҷири кӯҳиро бо мумравғани зайтунӣ хамир сохта гузошта банданд, аз сармо кафидани узвҳоро ислоҳ менамояд; бо сирко ва зардаи тухми мурғ хамира сохта, гарм карда гузошта банданд, бемориҳои макъадро шифо мебахшад.
Сӯхтаи онро бо асал даромехта, лағраи пашминро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, реш ва захмҳои бачадонро пок, рутубати мурдор ва хунравии онро қатъ мекунад.
Мизоҷи анҷири хом ба сардӣ моил аст.
Инро пухта гузошта банданд, ханозерро таҳлил медиҳад, асаби шахшударо мулоим мегардонад; бо сирко ва намак сиришта гузошта банданд, решҳои тарро шифо мебахшад; бо асал сиришта гузошта банданд, барои газидани саги девона даво мешавад. Пухтаи онро бо барги кӯкнор кӯфта бимоланд, резаҳои устухони шикастаро аз даруни узвҳо берун меоварад.
Як-ду дона анҷири хомро бо гӯште, ки бисёр сахт бошад, бипазанд, зуд муҳарро месозад.
Шири анҷирро ба чашм бикашанд, оберо, ки ба даруни гавҳараки чашм фуромада бошад, дафъ мекунад. Чун пахтаро ба шири анҷир тар карда, ба зери дандони дардманд бигузоранд ё дар сӯрохи дандони кирмхӯрда ҷо кунанд, дардашро таскин медиҳад. Агар онро бо магзи бодоми ширин якҷо кӯфта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад ва сахтии бачадонро, ки ҳаттарнок бошад, дафъ менамояд. Агар инро бо равған даромехта, ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк карда мерезонад; бо ҳулбаи хушк хамир сохта гузошта банданд, барои никрис, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, даво мешавад; бо орди ҷав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор