Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ин таркиб панҷ дона қаранфули гардан ҳам дохил намоянд, беҳтар мешавад. Яке аз ин намуд таркибро дар Япония тайёр мекунанд, ки ин чойнӯши вирди забони аҳли тамоми дунё гаштааст.
- Чадвор
Инро дар забони қадимаи форс-тоҷик моҳпарвин меномиданд. Баъдтар бинобар аксари дардҳоро «зада» дафъ карданаш «задвор», яъне заданвор гуфтанд ва ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, чадвор гаштааст. Ин решаи гиёҳест гулаш бунафш, баргҳояш ба баргҳои чинорак мемонад. Соқаш, яъне пояаш аз 25 то 70 сантиметр мехезад.
Вале дар ҷаҳон панҷ навъ чадвор мавҷуд аст: 1. Чадвори бунафш, ки ин решаест ба ғафсии ангушт ва аз он бориктар низ, дарозиаш ҳам ба миқдори ангушти даст аст, монандӣ думи каждум гиреҳдор. Аз мобайни гиреҳҳои ин чун дар нӯги пистон бошад, решаҳои борик рӯидааст, ранги берунаш сиёҳ ва магзи решааш лоҷвард аст. Бинобар ҳамин инро чадвори бунафш меноманд. Ин дар бобати шифобахшӣ дар ҷои якум мавқеъ дорад. 2. Берун ва даруни решаи ин аз чадвори бунафш бо тирагии ранги пӯст ва зардии дарунаш фарқ мекунад ва аз дигар ҷиҳат сохташ ба навъи якум монанд аст ва мавқеи ин дар ҷои сонии мебошад. 3. Зоҳир ва ботини решаи он — ҳар ду сиёҳ мебошад. Ин аз ҷиҳати шифобахшӣ баъд аз навъи дуввум мақом дорад. 4. Решааш моил ба сиёҳӣ, низ чун дигарҳояшон талх аст дар таъм ва ба миқдори самари олуболу мешавад. 5. Чадвори андалусӣ аст, ки ба арабӣ антула меноманд ва ба тоҷикӣ парпӣ мегӯянд.
Дар мамлакати мо се навъи ҷадвор вомехӯранд, ки ҳамаи инҳо беҳтарини ҷадворҳо мебошанд. Қисми якум — ҷадвори бунафш ва қисми дуввум — ин ҳар ду дар қаторкӯҳҳои Чаткали Қирғизистон мерӯяд. Қисмҳои саввум ва чорум дар Ҳиндустон ва Эрон макон доранд. Қисми панҷум, ки ба тоҷикӣ парпӣ меноманд, дар диёрҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар саҳроҳои водии Ҳисор ва водии Зарафшон) мерӯяд. Дар хусуси парпӣ алоҳида таваққуф менамоем.
Агар решаи холиси ҷадворро нигоҳ доранд, қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад. Ва агар қивомашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор