Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дар зарфи шиша ё дар салафан баста нигоҳ доранд, солҳои дароз дар қуввати худ содиқ мебошад. Беҳтар аз ҳамаш қивомкардан ин мебошад ва гирифтани қи- воми ин чунин аст. Решаҳои ҷадворро дар дег ё дар зарфи сирдор дар об муддате меҷӯшонанд, то ки қув- ваташ ба об гузарад. Баъд он обро, ки сип-сиёҳ мето- бад, бо воситаи дока соф намуда, дар тағора ё дар лаган хоҳ дар офтоб ва хоҳ дар соя бигузоранд, обаш парида, ҷадвори холисаш дар зери тағора ба шакли қивом боқӣ мемонад.
Баъди он, ки решаҳоро дар об ҷӯшонида бошанд, яке аз онҳоро бо забон бичашанд, талхнаш боқӣ мондааст ё не. Агар талхии он дарк гардад, аз нав бо- яд биҷӯшонанд ва илло не. Дар тибби қадима ва ал- ҳол аз ин беҳтар давои содда вуҷуд надорад.
Мизоҷи ҷадвор дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, қуллан тарйёк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҷадвор фараҳ меоварад, қувватҳои ҳайвонӣ (ҷисмонӣ), нафсонӣ (рӯ- ҳӣ) ва табиии баданро афзунӣ мебахшад ва мустаҳ- кам мекунад, узвҳои раиса (яъне дил, майна, меъда, ҷигар, гурда ва хояҳо) ва инчунин узвҳои даруни ши- кам ва даруни синаро қавӣ мегардонад; бар зидди ҳа- маи захрҳои гарммизоҷ ва сардмизоҷ тарёк мебо- шад, тамоми гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, мод- даҳои дағал ва ғафси дар бадан пайдошударо нарм ва мулоим мегардонад, инчунин узвҳои шахшӯлро нарм месозад. Агар инро ба варамҳо ва решҳо гузошта бан- данд, ҳам онҳоро мепазонад ва ҳам таҳлил медиҳад, ба узвҳои дардманд гузошта банданд, дарди онҳоро со- кин мекунад. Инчунин агар инро бихӯранд, дардҳои ботиниро таскин медиҳад, баданро фарбеҳ мекунад, чашм ва дандонро пуркувват ва мустаҳкам мегардо- над, иштиҳои таомро бармеангезад, қуввати боҳ (пуш- ти камар)-ро меафзояд ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад; барои бемориҳои вобаста ба феъли мағзи сар ва асаб- ҳо, монандӣ: саръ, фолич, ликва (кач шудани рӯй), ларзак, сустӣ ва нотавонии узвҳо, карахтӣ, истискӯ (водянка), зардпарвин, сустии меъда (яъне аз ҷой хӯҷ поён фуромадани он), резонидани сангҳои гурда ва ҳичак, қулинҷ (колит) ва душвории шошидан дору ме- бошад, ахлоти бадбӯи баданро ислоҳ менамояд ва та- би дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор