Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

хориҷ шудани моддаи матлуб аз бадан, хоб кардан манъ аст. Давои мусхилро набояд бисёр ширин созанд. Об барои шустани мақсад бояд гарм бошад, на сард.

Агар давои мусхили пурзӯр хӯрда бошанду он амал накарда, дилро ба тапидан орад ва бехуш гардонад, бояд ки зуд кай фармуда, онро дафъ кунанд.

Мусхили ноқис, яъне камтаъсир бисёр зарар дорад монандӣ он, ки фасди ноқис аст.

Агар бадан қавӣ бошад, давои мусхилро пайи ҳам хӯронидан равост, вале бемор заиф ва нимҷон бувад, як ё ду рӯз дар миён фосила дода, ин даворо бидиҳанд, то ки ӯ аз рафтани дарун бадхол нагардад.

Рӯзи давои мусхил хӯрдан аз чизҳои хунук ва хунукӣ парҳез лозим аст. Вале одамони хушкмизоҷ, кӯдак, камқувват ва пиронро набояд давои мусхили қавӣ диҳанд.

Аз болои давои мусхил ҳабҳо, каф зада хӯрданиҳо, маъҷунҳо ва арақи бодьёни нимгарм ё оби нимгарм сишомидан барои мадади исҳол беҳтар аст.

Аз болои обе, ки дар он давои мусхил ҷӯшонида шуда бошад, арақи бодьёни сард диҳанд.

Баъди фориғ гаштан аз таъсири давои мусхил ба каси гарммизоҷ тухми аспағӯл (подорожник блошный), ба одами сардмизоҷ мисли тухми райҳон ё аз тухмҳои дарунро мулоимкунанда додан муносиб мебошад.

Ҳеҷ як даво мавҷуд нест, ки ба ғайр аз як хилт (модда) хилти дигарро аз хилтҳои сегона (балғам, савдо, сафро) берун наёварад. Аммо он чӣ махсус кардаанд барои ихроҷи сафро ё балғам, ё савдо — ин бинобар он аст, ки он даво ҳамон хилтро назар ба дигарҳояш бештар бармеорад.

Зимнан бояд инро хотирнишон намоем, ки баъзе касон соле як бор исҳол карданро барои тандурустӣ афзал медонанд. Вале ин тамоман хато мебошад. Агар зарурат пайдо шавад, худи бадан ба ин қодир аст ва исҳол месозад.

Акнун ба сари мақсад биёем.

Давоҳои пазонандаи сафро: бехрешан коснӣ, нилуфар, сумбул, бехрешан гулихайрӣ, тухми гулихайрӣ ва тугмачагул, бунафша, гулисурх, тухми коснӣ, шоҳитара, гули ҳайру (ҳамешабаҳор).

Сафро дар муддати се рӯз пухта мешавад ба шарте, ки сафрои холис бошад. Ва агар сафрои ғайри холис

пешина
аз 702
навбатӣ