Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ДАВОҲОИ ҲАЙВОНИ

  1. Тӯкумшуллук

Ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор, ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё багамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги нозуки гиёҳхоро мехӯрад.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро агар бихӯранд, дар бадан зуд ба хуни солим мубаддал мегардад; барои иллатҳои махав, кӯтур, хориши бадан, девонагӣ ва ба бемориҳои гуногуни савдовӣ нафъ мебахшад.

Гӯшти ҳамаи навъҳои тӯкумшуллук ҳангоми хӯрдан дар бадан балғам ва гиреҳҳоро пайдо мекунад, аммо ташнагӣ ва тафси аъзоро, ки сабабаш моддаи сафро бошад, таскин медиҳад.

Ҳамаи қисмҳои тӯкумшуллукро сӯхта, махин ос карда, бо асал даромехта, ба чашм кашанд, доғи даруни чашмро, ки аз пайдо шудани захм боқӣ монда бошад, дур мекунад.

Гӯшти ин ҷонварро сӯхта, бо қатрон (дёготь) хамир карда, баъд аз кандани мӯи чаппарӯнда ба он ҷо бимоланд, дигар мӯй намерӯяд.

Оби садафаки майдаи наҳриро дар вақти баромадани обила дар чашм чаконанд, зуҳури онро дар он маҳъ мекунад, вале агар баъд аз баромадан биҷаконанд, обилаи нағзакро таҳлил медиҳад, дафъ мекунад; шиддати сӯзиш ва тафсидани чашмро таскин медиҳад.
Садафаки зиндаи наҳриро бо сӯзан сӯрох кунанд ва оби онро ба мӯи дар чашм чаппарӯида бичаконанд, онро нест мекунад. Агар ин обро ба пешонӣ бимоланд, моддаҳои зарарнокро аз рехтан ба чашм манъ менамояд. Агар инро ба атрофи гӯш бимоланд, барон дафъ

пешина
аз 702
навбатӣ