Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

кардани рутубатҳои аз даруни гӯш равоншаванда даво мебошад.

Тӯкумшуллукро сӯхта, бо сирко хамир карда, ба
пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад.

Гӯшти хоми онро фурӯ баранд, дарди меъдаро сиҳат мебахшад. Гӯшти хушккардаи онро кӯфта бихӯранд, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд.

Гӯшти ин ҷонварро гузошта банданд, варами никрис, ки варам ва дарди ангуштони дасту похо мебошад, таҳлил медиҳад; аз рӯ ба ҷигар гузошта банданд, суулкинья ном иллатро, ки суст ва заиф гаштани ҷигар аст, шифо мебахшад. Агар ба ягон ҷони бадан тир ё хор даромада ва дар ҳамон ҷо монда бошад, аз болои он ин гӯштро гузошта банданд, он чизи бегонаро аз бадан хориҷ мекунад; инчунин заҳри саги девонагазидаро ҳам кашида мегирад.

  1. Хари аҳлӣ

Ин ҳайвони маълум аст.

Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар
аввали дараҷаи саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва гаронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

Сумаш сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм бихӯранд, иллатҳои кузоз (столбняк) ва саръро дафъ мекунад.

Саргинашро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад.

Оби саргини тарашро ҳар рӯз дар бинӣ бичаконанд ё хушкашро ос карда, ба он сирко пошида, дар бинӣ кашанд, барои саръ фоида дорад.

Пешобашро бинӯшанд, дарди гурдаро дафъ мекунад.

Саргинашро фишурда, обашро гирифта бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва ҳиҷакро (пешобдонро) майда карда мерезонад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро зуд хориҷ мегардонад.

Сумашро сӯхта, занҳои ҳомила дар вақти таваллуд кардан худро ба дудаш бидоранд, зоиданро осон мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ