Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

монанди: фалич (шал шудани нимаи бадан ба дарсӣ), каҷ шудани рӯй, суст ва нотавон гаштани аъзо, дардҳои буғумҳо ва сурин, ирқуннасо (радикулит), никрис (подагра), сустии олати таносул ва заифии пушти камар шифо мебахшад.

  1. Фароштурук

Ин парандаи маълум аст.
Мизоҷи гӯшташ дар миёнаи дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро кабоб карда бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезонанд. 4,5 грамм гӯшти хушки онро кӯфта бихӯранд, қуввати чашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гӯшти намакини хушкашро бихӯранд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани хун дар мавзеи халқ бошад, шифо мебахшад. Агар инро сӯхта, хокистарашро бо об даромехта, бо он об ғарғара кунанд, барои дарди гулӯи мазкур даво мебошад ва ҳамаи бемориҳои ғадудҳои бодомшакли халқро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро бо асал даромехта, ё сӯхтаи онро бо асал даромехта, бардавом ба ком бимоланд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Бачаашро сӯхта, соида, бо хунаш сиришта, ба чашм бимоланд, қуввати биноии чашмро меафзояд.
Мағзи сарашро бо асал сиришта ё саргинаш ва ё хокистари онро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, ба гавҳараки чашм фуромадани обро, ки дар ибтидо бошад, шифо мебахшад; кӯтури чашм, сурхии он ва нохунаки чашмро шифо мешавад. Ҳамчунин хуни гармогарми он ва саргинаш бағоят поккунанда мебошад, барси некуи ранги рухсор ва дафъ кардани доғи сафеди пӯст хеле давои хубест, инчунин пӯстро аз доғҳои дигар пок мегардонад. Агар бо заҳраи гов даромехта бимоланд, мӯи сиёҳро сафед менамояд.
Чун чанд рӯз ҳар рӯз 4,5 грамм хокистари ошёни фароштуғукра занҳо бихӯранд, душвории зоиданро осон мекунад.
Заҳраи онро дар бинӣ чакнанд, мӯи сар ва ришро сиёҳ мекунад.
Чашмҳои онро бо равғани занбак (савсани сафед)

пешина
аз 702
навбатӣ