Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, ба нофи занон бимоланд, душвории зоиданро осон мегардонад.
Фароштурук дар як сол ду бор бача меоварад.
Агар шиками бачаи якум баровардан онро чок кунанд, сангреза аз он зоҳир мегардад: яке якранг ва дигаре гуногунранг. Сангрезаи якранги онро дар пӯсти гӯсола, ки дар вақти зоида шуданаш бадани он ба замин нарасида бошад, дар даст муаллақ бардошта сарашро бибурранду пӯсташро ҷудо карда бигиранд ва дар он пӯст он сангрезаро баста, дар гардан ва бозуи гирифтори иллати саръ (припадка) банданд, аз он иллат наҷот меёбад. Ва санги гуногунранги мазкурро дар харири сафед печонида, бо худ нигоҳ доранд, мартабаи баланд ва бениёзиро соҳиб мегарданд.
Ба қавле чун бачаи онро бо заъфарон ва дигар ранги зард ранг кунанд, ки дар вақти ранг кардан модар ва падари ӯ набинанд, барои дафъи зардии ранги бача худ санги зардпарвинро ба ошёнаш меоваранд.
Он санг барои иллати зардпарвин дору мебошад.
Чун сари фароштуруки нар ва мода — ҳар дуро бо оташ сӯхта, дар шароби мардуме, ки шароб мехӯранд, андозанд, он шароб маст намекунад.
Тайёр кардани равғани занбак ин тавр аст. Гулҳои савсани сафедро дар зарфе, ки дар он равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун рехта бошанд, пур карда, ба офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранги гул мепарад, он гулро фишурда дафъ карда, аз гули нав пур менамоянд. Ҳамин тавр то чор-панҷ мартаба гулро иваз мекунанд. Баъд гулро фишурда дур мегардонанд — ин равғани занбак аст. Занбак — савсани сафедро мегӯянд.
- Шабпарак
Ин ҷонварро бинобар он, ки рӯзона парвоз намекунад, саҳван кӯршабпарак меноманд. Инро ҳама медонанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар чорум хушк аст. Гармии гӯшташ камтар аст аз ҳарорати саргини он.
Хислатҳои шифобахши он: онро шӯрбо карда бихӯранд, аҳлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исҳол аз бадан дафъ мекунад, истисқо (водянка) ва дарди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё