Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ҳакими машҳури асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки он ҳал карда, дар гӯш чаконанд, қарии гӯшро, ҳатто агарчи модарзод бошад, шифо мебахшад.
Равғани онро ба узвҳои чингакшуда бимоланд, онро ба ибро меоварад; агар муттасил бимоланд, барои пучак ва ханозер (ҳукгардан) дору мешавад.
Хуни хук дар ҳама бобат монанди хуни инсон аст. Агар инро бимоланд, пистони бузурги занҳоро кӯчак мегардонад, шир дар пистон шах шуда бошад, таҳлил медиҳад ва инчунин варамҳоро мегардонад.
Устухони сӯхтан онро ос карда, бар бавосир бимоланд, онро сиҳат мебахшад.
Сумашро сӯхта, ос карда, бихӯранд, беихтиёр равон шудани пешобро ба ислоҳ меоварад.
Мӯяро бо муми нефт якҷо сӯхта, бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, захмҳои бедаворо шифо мебахшад.
Аз пӯсти хук пашшаҳо мегурезанд.
- Гамбуски саргин
Ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пои деворҳо, хокрӯбаҳо ва саргин мақом дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар ин ҷонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти меъда, рӯдаҳо ва ҷигарро бо исҳол дафъ мекунад, истискоро шифо мебахшад.
Онро пачак карда, ба ҷон каждумгазида гузошта банданд, заҳри онро дафъ мекунад. Қисми думболаи онро канда, баъд онро бифишоранд, аз он рутубат зоҳир мешавад, ин рутубатро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.
Табиб Юнус гуфтааст, ки ғамбуски саргин, ки дар хокистари гиёҳи тугмачагул пайдо шавад, онро кӯфта, ба чашм кашанд, дарди чашмро шифо мебахшад; ва боз гуфтааст, ки чун пардаи ақиби сари онро бардоранд, рутубате, ки зоҳир шавад монанди афюн, ба қадри 14 грамм дар садафе бигиранд ва онро фатилаи борики лоиқи сӯрохи закар сохта, он фатиларо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё