Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мизоҷи кӯдакон ва ҷавонон аксар ба тарӣ моил мебошад, тармизочон бояд инро нахӯранд ва дигарҳо низ миқдори бисьёр истеъмол нафармоянд ва ғайра.

Бучулаки пои онро орд барин кӯфта, 9 грамми онро бо шароб бихӯранд, барои газидани ҷонварони заҳрнок дору мебошад. Агар ин ордакро бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доғи песро дафъ мекунад — ин озмуда шудааст; 4,5 грамми онро ба дараҷае сафед шудан сӯхта бихӯранд, дард ва бодҳои рӯдаҳоро, ки кӯҳна шуда бошанд, дафъ мекунад.

Пешоби хуки ваҳширо бинӯшанд, санги хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад. Пешобашро бимоланд, доғи кунҷидакро аз пӯст пок мекунад; бо сирко даромехта бимоланд ё дар даҳон бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар инро бо ҳазориспанд ҷӯшонида, бо он узви карахтро бишӯянд, ба ҳис меоварад, яъне шифо мебахшад.

Чун зираро як шабонарӯз дар пешоби хукбача тар карда, баъд онро бароварда хушк намуда, маҳин кӯфта, ҳар рӯз мувофиқи бардошти мизоч аз ин тановул намоянд, ба иллати истисқо (водянка) фоида дорад. Инро бо пешоби одамӣ даромехта, бемори таби дурӯздармиён доштаро поҳо бишӯянд, шифо мебахшад.

Саргини хушки онро бо об ё бо шароб бихӯранд, хун кай карданро, ки он хун аз даруни сина неомада бошад, дафъ мекунад, дарди паҳлуро шифо мебахшад.

Саргини онро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, сустии мушакҳоро ба ибро меоварад; бо муми занбӯри асал ва равған якҷо омехта гузошта банданд, асабҳои печидаро рост мегардонад.

Заҳраи онро чаконанд, реш ва захмҳои даруни гӯшро сиҳат мекунад; агар инро бар бавосир бимоланд, онро дафъ месозад; бо асал ва мурҷи кӯфта хамир сохта, бимоланд, мӯи сари калро мерӯёнад.

Бо равғанаш хукна (клизма) кунанд, иллатҳои рӯдаҳоро дафъ мекунад.

Чарбиашро ба зери ноф гузошта банданд, дардҳои бачадон ва макъадро таскин медиҳад, сӯхтагии оташ ва сармозадагиро шифо медиҳад.

Равғани кӯҳнашудаашро бихӯранд, даруни ро мулоим ва гарм мегардонад. Равғани онро бо шароб шуста, ба оҳак ё хокистар даромехта гузошта банданд, варамҳои гарм ва варамҳои пардаҳои даруни синаро таҳлил медиҳад.

пешина
аз 702
навбатӣ