Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

балғам дар мағзи сар бошад, шифо мебахшад. Агар дар милки чашм мӯи чаппа рӯида бошад ва дар чашм бихалад, онро баъд аз кандан инро ба чашм кашанд, дигар мӯй намерӯяд. Агар инро ба ҳар ҷои бадан бимоланд, рӯидани мӯйро дар он ҷо манъ мекунад; бар пучак бимоланд, ба зудӣ онро мепазонад.

Мизоҷи равғанаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Агар инро гузошта банданд, дарди кӯҳнаи буғумҳоро бартараф мекунад, асабҳо ва узвҳои шахшударо мулоим мегардонад, агар ягон устухон беҷо шуда ё шикаста бошад, беҷоро баҷо меоварад ва шикастаро пайваст мекунад, латхӯрдани узвҳоро ислоҳ менамояд; ба сина гузошта банданд, сурфаеро, ки аз хушкӣ бошад, шифо мебахшад. Ба доғи пес ва гирдак-гирдак мӯйрехтани сар ва риш гузошта банданд, шифо мебахшад.

Равғани хирсро дар вақти зоида шуданашон бар бадани тифлон бимоланд, онҳо аз ҳамаи ҳодисоти зарарноки табиат эмин мешаванд.

Чун даруни анорро тамоман холӣ карда, равғани хирс ва равғани зайтун баробарвазн дар он андохта, ба оташ гузошта гарм намуда бимоланд, барои рӯёнидани мӯи абрӯ доруи хубест; ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, бавосир, носур ва саъфа (ширинча) дору мешавад.

Мизоҷи пӯсташ бисёр хушк аст. Агар бар он бардавом бишинанд, фолиҷ, никриси тармизоҷон ва бемории аъзошиканиро шифо мебахшад.

Чун хояи сиро чок карда, кӯфтаи мозу ва татум ба он пур намуда, хушк кунанд, баъд соида бихӯранд, исҳолро басуръат манъ мекунад.

Саргинашро гузошта банданд, варамҳо ва дарди гулуи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун сар зада бошад, таҳлил медиҳад. Агар инро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.

Мӯяшро бисӯзанд, аз дуд ва бӯи он ҷонварони зарарнок мегурезанд.

Чашми рости онро ба худ биёвезанд, ҷонварони ваҳшӣ аз он кас мегурезанд. Агар ҳар ду чашми онро дар латта баста, ба гардани бемор биёвезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ