Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Мурги хонагӣ

Ин маълум аст.
Мизоҷи мурғи ҷавони фарбеҳ дар дараҷаи якум гарм ва дар тарӣ мӯътадил, вале дар мурғӯҷча тарӣ бисёртар аст. Ҳарорат, яъне гармии мизоҷи хурус нисбат ба мокиён камтар ва хушкии он зиёдтар аст, вале хурусӯҷча дар мизоҷ мӯътадили моил ба тарӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: Гӯшти инро муҳарро пухта бихӯранд, ғизояташ бисёр, хӯроки сабуктар назар ба дигар мурғон ва хуни солим аз он пайдо мешавад; ақл ва маниро зиёда мегардонад; агар муҳарро пухта нашавад, зидди хислатҳои номбурдаро дорад.
Гӯшти хуруси солхӯрдаро бо нахӯду лӯбиё пухта бихӯранд, моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, дарунро мулоим мекунад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ менамояд, барои иллати кулинҷ, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, шифо мебахшад. Беҳтараш он, ки хуруси пирро кушта, дар об бисёр биҷӯшонанд, то он ки муҳарро гардад, баъд онро нимгарм бихӯранд, моддаҳои савдовиро ихроҷ мекунад.
Чӯҷамурғро шӯрбо карда бихӯранд, барои одамони заифбадан ва нимчон, инчунин меъдаашон тафс дошта бошад ва ба табҳои сафроӣ мувофиқ аст; барои мӯътадил гардонидани миқдори моддаҳои нодаркор, мулоим кардани дарун, бо мудовамат бихӯранд, ғизои бисёр хуб мебошад.
Қавле мавҷуд аст, ки гӯшти чӯҷаи мокиён моддаҳои нодаркори баданро ронда хориҷ мегардонад, вале гӯшти мурғи мокиён онҳоро нигоҳ медорад.
Хуруси пирро бисёр давонида, хаста гардонида, кушта, чизҳои даруни шикамашро дур сохта, намақ карда, аз гиёҳи шибит пур намуда, бо оби бисёр биҷӯшонанд, то он ки обаш ба миқдори даркорӣ бимонад. Баъд шаб дар зери осмон гузоранд, субҳ онро бихӯранд, моддаҳои нави даруни ҷигарро, ки ғафс гашта бошанд, бо исҳол дафъ мегардонад; барои табҳо, дарди шуш, ки кӯҳна шуда бошад, барои ларзак, дамкӯтаҳӣ, дарди буғумҳо, бардамидани меъда, беҳад нармии узвҳо ва кулинҷ даво мебошад ва заҳрҳои хӯрдашударо дафъ мегардонад. Баъзеҳо ҳангоми пухтани ин карами тоҷикӣ ё тухми маҳсар, ё шибит ва ё ҳар серо изофа менамоянд — ин қавитар аст дар бобати давоӣ.

пешина
аз 702
навбатӣ