Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мазкур а, инчунин барои дафъ кардани балғам пурзӯртар мебошад.
Гӯшти хурӯси ҷавон маниро зиёда ва соф мекунад, ранги рухсор ва овозро пор ва равшан мегардонад. Аз они хурӯсҷӯҷа барои одамони камқуввати нав аз беморӣ хеста, инчунин барои бемориҳои гарммизоҷ мувофиқ аст дар бобати фарбеҳ кардани бадан, дур намудани логарӣ, соф кардани ранги рӯй ва овоз, зиёда гардонидани ҷавҳари майна, фаҳм ва маънӣ, дафъ кардани хаёлҳои вайрон ва фикрҳои бад давои хуб мебошад. Агар инро бо равғани нав пухта бихӯранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Гӯшти инро шӯрбо пухта, ҳар рӯз як порчаи онро то як ҳафта бо нонреза бихӯранд, зардии рухсораро, ки сабабаш маълум набошад, ислоҳ мекунад. Агар инро кабоб карда бихӯранд, одати гил, хок ва дигар чизҳои радди хӯрданро ислоҳ менамояд, барои меъдаи тармизоҷ мувофиқ аст.
Ҷигари мурғ серғизост, дерҳазм ва агар ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мекунад.
Мизоҷи мағзи сараш дар гармӣ мӯътадил ва рутубати часпак дорад. Инро хом бо шароб бихӯранд, захри ҷонварон, хун кай кардан ва хуни биниро, ки аз пардаҳои майна меомада бошад, дафъ мекунад. Агар пухта бихӯранд, ҷавҳари майнаро зиёд мегардонад, қуввати тафаккурро афзун месозад, зеҳнро тез ва овозро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихӯранд, касро аҳмак мегардонад.
Равғанашро бихӯранд, сахтиҳои баданро мулоим мекунад, моддаи савдоро ихроҷ менамояд. Ва агар инро нимгарм ба сар бимоланд, молихулиё (меланхолия)-ро шифо мебахшад; ширинҷа, кафидагӣ ва барои ҳамаи бемориҳои аз хушкӣ баамаломада нафъи аҷиб дорад, хусусан се мартаба паси ҳам бимоланд, билкулл шифо мебахшад.
Мурғи мокиёнро камаш 12 рӯз бо тухми маҳсар парасторӣ намуда, баъд кушта, пухта бихӯранд, барои маҳави нав дору мешавад.
Чун пардаи миёни сангдони хӯрусро хушк карда, соида бо шароб бихӯранд, дарди меъда ва сустии, яъне поён фуромадани меъдаро ва вайрон шудани феъли онро дафъ мекунад.
Хояи хӯрусро хушк карда, кӯфта, бо зардии тухми
мурғи нимпухта бихӯранд, барои қавӣ гардонидани
пушти камар (боҳ) бисёр пуртаъсир аст. Агар онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё