Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Бар хилофи ин таълимоти илмии ҳақиқӣ мантиқшиносони идеалист нисбат ба воқеияти реалӣ якумин будани қонунҳои тафаккурро исбот карданӣ мешаванд.
Идеалистони объективӣ даъво карданӣ мешаванд, ки гӯё олами моддӣ, инсон, тафаккур ва қоидаҳои тафаккур офаридашуда, маҳсули ким-чӣ хел рӯҳияи мутлақи абадӣ аст.
Идеалистони субъективӣ чунин даъво мекунанд, ки гӯё қонунҳои мантиқӣ хусусияти аслии тафаккур, маҳсули шуури одам буда, инъикоси олами моддӣ намебошад ва амалиёти инсон ба ирода ва ихтиёри худи ӯ вобаста аст.
Ба фикри Кант қоидаҳои илм на ин ки инъикоси қонунҳои табиат, балки хирад ба табиат қонунҳоро ба таври амри қатъӣ ҷорӣ мекунад.
Мантиқи материалистӣ ин гуна ақидаҳои зиддиилмиро рад намуда, таълим медиҳад, ки тафаккур ва қонунҳои он инъикоси реалияи объективӣ мебошад, ки берун аз шуури инсон вуҷуд дошта ба он вобаста нест. Чӣ навъе ки В. И. Ленин қайд менамояд, «... қонунҳои тафаккур на танҳо аҳамияти субъективӣ доранд, яъне қонунҳои тафаккур шаклҳои мавҷудияти воқеии предметҳоро инъикос менамоянд, аз ин шаклҳо фарқ надошта, балки ба онҳо тамоман монанд ҳастанд...» 1.
Қонунҳои тафаккур инъикоси ҷиҳатҳо, муносибати муайяни предметҳои олами моддӣ мебошанд ва дар натиҷаи фаъолияти амалӣ-истеҳсолии инсон мустаҳкам гардида, дар айни замон исботро талаб намекунанд.
Бинобар ин, қонунҳои тафаккур дорои чунин мазмунанд, ки ин мазмун ба хоҳиш ва иродаи шахси ҷудогона ва умуман ба инсоният вобаста нест. Шахси алоҳида ва умуман инсоният бо хоҳиш ва иродаи худ мазмуни объективии қонунҳои мантиқиро бекор карда ё тағйир дода наметавонад. Бинобар ин, мазмуни объективии қонунҳои тафаккурро вайрон кардан мумкин нест. Дар раванди тафаккури нодуруст талаботе, ки аз ин мазмуни объективӣ сар мезанад, вайрон карда мешаванд. Пас, мазмуни объективии қонун ва талабот, нормае ки аз вай бароварда мешавад, айнан як чиз нест. Норма ва талаботи қонун дар вақти содир гардидани хатоҳои мантиқӣ вайрон карда мешаванд. Вале мазмуни объективии қонун ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад. Чунончи, ду фикр, ду муҳокимаи ба ҳам зидди дар бораи як чиз гуфташуда мувофиқи мазмуни объективии қонуни зиддияти мантиқӣ дар як вақт ҳақ шуда наметавонанд. Дар асоси ин мазмуни объективӣ талаб карда мешавад, ки ду фикри ба ҳам зидди дар бораи як чиз гуфташуда дар як вақт набояд ҳақ дониста шавад. Агар ин гуна фикрҳо ҳақ шуморида шаванд, талаботи қонуни зиддият вайрон карда шуда, вале худи ин фикрҳо ба
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷ. 14, саҳ. 419.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё