Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам зид ҳеҷ гоҳ ҳақ намешаванд ва мазмуни объективии ин қонуни мантиқӣ вайрон намешавад.

Мисли қонуни зиддият дигар қонунҳои мантиқӣ ҳам характери объективӣ доранд, ки вайро одам дигар карда ва тағйир дода наметавонад. Дар он мавридҳо, ки тафаккури мо номуайян, зиддиятнок ва беасос мегардад, талаботи қонунҳои мантиқӣ вайрон карда мешаванд.

§ 2. ҚОНУНИ АЙНИЯТ

Мазмуни қонуни якуми тафаккури мантиқӣ чунин ифода карда мешавад: фикр, мафҳуми айниятдор, фарқнок намешавад. Мувофиқи қонуни айният ҳар як фикр, мафҳум дорои мазмуни муайяни конкретӣ мебошад, пас, ин мафҳум дар доираи муайяни хулосабардорӣ ва исботкунӣ чанд бор такрор шавад ҳам, мазмуни худро гум намекунад. Масалан, дар рафти хулосабардорӣ ё исботкунӣ мафҳуми «қаҳрамони асари бадеӣ» кор фармуда шуда, чанд бор такрор шавад ҳам, мазмуни худро гум намекунад; ё ки дар вақти тафаккур мафҳуми «халқ» ба кор бурда шавад ва ин мафҳум борҳо такрор шавад ҳам, мазмуни худро гум намекунад. Аз ин сабаб қонуни айниятро кайҳо боз дар илми мантиқ бо ёрии формулан «А—А аст», «А=А», «А≡А» (яъне А эквиваленти А) ифода мекунанд. Маънои ин формула иборат аз он аст, ки мафҳуми А мазмуни муайяни конкретӣ дорад ва ин мафҳум дар процесси тафаккур, хулосабардорӣ, исботкунӣ борҳо ба кор бурда шавад ҳам, А будани худро гум намекунад.

Бинобар ин қонуни айният талаб мекунад, ки ҳар як мафҳум, фикр дар рафти фикркунӣ, хулосабардорӣ ва исботкунӣ бояд айнан ба мазмуни худаш кор фармуда шавад. Дар процесси тафаккур, мулоҳиза як мафҳум бо дигар мафҳум, як фикри дорои мазмуни муайяни конкретӣ бо фикри дорои дигар мазмуни конкретӣ набояд иваз карда шавад. Агар як мафҳум бо мафҳуми дигар иваз карда шуда, фикрҳои конкретӣ оралаш карда шаванд, аз ин гуна фикрҳо хулосаи дуруст баровардан мумкин нест.

Мазмуни ин қонуни мантиқиро халқ кайҳо боз чунин ибораҳо ифода кардааст: «Ман дар гӯям, ту девор мегӯӣ», «Ман тут гӯям, ту бед мегӯӣ», «Ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл», «Дарро задам, девор кафид» ва ҳоказо.

Ин қонуни айният, бешубҳа, бо гузаштани вақт тағьир ва инкишофи мазмуни мафҳумро рад намекунад. Мазмуни мафҳумҳо
тағьир меёбанд, тараққӣ мекунанд. Ин қонунист. Мафҳуми «Давлати халқи тоҷик дар асри X» ва мафҳуми «Давлати халқи тоҷик дар замони ҳозира» қатъиян ва мазмунан фарқ доранд; ё
ки мафҳум дар бораи шаҳри Душанбеи солҳои бистум ва мафҳум дар бораи шаҳри Душанбеи солҳои шастум аз ҷиҳати мазмун ба куллӣ фарқ мекунад. Ин гуна тараққиёти мазмуни мафхумхоро

пешина
аз 192
навбатӣ