Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

маврид фикри ҳақро исбот намуда, фикри дурӯғро рад карда ҳам наметавонем.

Қонуни зиддият фикрҳо, муҳокимаҳо, гуфторҳои ба ҳам зидди дар як нисбат гирифташударо якбора дар як вақт ҳақ надонистанро талаб мекунад. Агар ҳамин гуна фикрҳо, муҳокимаҳо ҳақ шуморида шаванд, талаби қонуни мазкур вайрон шуда, фикр номунтазам ва нодуруст мешавад.

Қонуни зиддият бо формулаи $A \land \overline{A}$ ифода карда мешавад, ки дар ин ҷо $A$ ифодаи ҳар як муҳокима буда, $\overline{A}$ — муҳокимаест, ки муҳокимаи $A$-ро инкор менамояд ва хатти калони дар болои формула баён гардида, инкори муҳокимаи мураккаби $A \land \overline{A}$-ро мефаҳмонад. Формулаи мазкур чунин маъно дорад: дар як вақт муҳокимаи $A$ ва инкори он ҳақ шуда наметавонанд.

Шакли фикр, муҳокимаҳо дар байни ҳамдигар зиддияти мантиқӣ дошта гуногун мешаванд.

Барои муҳокимаҳои ба ҳам зид чунин мисолҳоро меорем:

  1. «Ин ҷумла — ҷумлаи мураккаб аст» ва «Ин ҷумла — ҷумлаи мураккаб нест».

  2. «Шаҳрванд Х ҷинояткор аст» ва «Шаҳрванд Х бовиҷдон аст».

  3. «Ҳеҷ як донишҷӯи забоншинос қонунҳои олами заррачаҳои физикиро намеомӯзад» ва «Ҳамаи донишҷӯёни забоншинос қонунҳои олами заррачаҳои физикиро меомӯзанд».

  4. «Ҳамаи нависандагон — нависандагони классик мебошанд» ва «Баъзе нависандагон — нависандагони классик намебошанд».

  5. «Ҳеҷ як давлати африқоӣ — давлати халқӣ намебошад» ва «Баъзе давлатҳо халқӣ мебошанд».

  6. «Агар талаба лексияро бодиққат гӯш кунад, он гоҳ вай дарсро нағз аз худ мекунад» ва «Талаба лексияро бодиққат гӯш карда, вай дарсро нағз аз худ накардааст».

Ҳар як муҳокимаҳои ҷуфти дар боло зикргардида дар байни худ зиддият доранд, пас онҳо якбора ҳақ намешаванд, зеро дар яке аз онҳо як чиз тасдиқ карда шавад, дар дигараш ҳамон чиз рад мешавад ва ё дигар чиз тасдиқ карда мешавад. Бинобар ин, мувофиқи талаби қонуни зиддият ҳамин гуна фикр, муҳокимаҳои дорои зиддият набояд якбора ҳақ шуморида шаванд.

Мисли дигар қонунҳои мантиқӣ қонуни зиддият ҳам ҷиҳатҳои муайяни воқеияти реалиро инъикос менамояд. Дар воқеият дар айни замон ягон чиз вуҷуд дошта ва вуҷуд надошта наметавонад; ба ягон чиз ягон хосият, нишона дар як вақт ва ба як маъно ҳам хос ва ҳам хос нашуда наметавонанд. Агар дар як вақт ба чизе як нишона хос бошад, дар оянда худи ҳамин чиз дар натиҷаи тағйирот ва тараққиёт нишони дигаре пайдо мекунад. Қонуни зиддияти мантиқӣ ба ин гуна тағйирот ва тараққиёт вобаста нест. Ин қонун таъкид мекунад, ки дар як вақт ду фикри дар бораи ягон чиз гуфташудаи зиддиҳамдигар ҳақ намешавад. Ин қонуни мантиқӣ дар бораи дурӯғ будани муҳокимаҳо ҳеҷ чизе намегӯяд. Дар бораи дурӯғии муҳокимаҳои баҳамзид қонуни сеюми тафаккури дуруст — қонуни истиснои салоса баҳс мекунад.

пешина
аз 192
навбатӣ