Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
§ 3. ҚОНУНИ ЗИДДИЯТ
Қонуни зиддият қонуни дуюми тафаккури мантиқӣ мебошад. Мазмуни қонуни зиддият чунин ифода карда мешавад: муҳокимаҳо, фикрҳо, гуфторҳои зиддиҳамдигарӣ дар бораи айнан ҳамин предмет баён гардида, агар онҳо дар як нисбат ва дар як вақт гирифта шаванд, якбора ҳақ намешаванд. Масалан, муҳокимаҳои зеринро аз назар мегузаронем: 1) «Кӯҳи Помир баланд аст»; 2) «Кӯҳи Помир баланд нест». Ин ду муҳокима — муҳокимаҳои ба ҳам зиданд, пас, мувофиқи таълими қонуни зиддият ин гуна муҳокимаҳо якбора ҳақ намешаванд. Вале, агар дар бораи чизе дар вақтҳои гуногуни фикрҳои гуногун гуфта шавад, ва ё умуман вақтҳои гуногун ба назар дошта шавад, пас дар байни ин муҳокимаҳо зиддият пайдо намешавад. Масалан, ин тавр гӯем: 1) «Ироқ — мамлакати ниммустамлика мебошад» ва 2) «Ироқ мамлакати мустақил аст». Агар муҳокимаи якумро изҳор намуда, солҳои 1950 ба назар дошта шавад ва муҳокимаи дуюмро ифода карда, солҳои 1964 ба назар дошта шавад, пас дар байни ин ду муҳокимаҳо зиддият ба вуҷуд намеояд. Бинобар ин, қонуни зиддият ин гуна фикрҳо, муҳокимаҳое ки дар байни ҳамдигар зиддият надоштаро инкор намекунад. Масалан: «Каримов аълохон мебошад» ва «Каримов аълохон намебошад»-ро мегирем. Дар ин ҷо Каримов аълохон намебошад гуфта истода соли гузаштаи хониш ба назар гирифта мешавад, Каримов аълохон мебошад, гуфта истода соли хониши ҷорӣ ба назар гирифта мешавад, ки дар байни ин тавр муҳокимаҳо зиддият ба миён намеояд, зеро мумкин Каримов дар соли хониши гузашта аълохон набуда, дар соли хониши ҷорӣ аълохон шуда бошад. Нисбат ба ҳамин гуна муҳокимаҳо ин қонуни мантиқӣ амал намекунад.
Чӣ тавре ки маълум аст, мувофиқи таълимоти материализми диалектикӣ дар олами моддӣ зиддиятҳои бисёре мавҷуданд, ки онҳо мазмун, манбаи тағйирот ва тараққиёти ҳодисаҳоро ташкил медиҳанд. Ин гуна зиддиятҳо ҳаёт, ки олам танҳо ба воситаи онҳо инкишоф меёбад, қонуни зиддият онҳоро рад намекунад. Ин қонуни мантиқӣ умуман ба зиддиятҳои диалектикӣ вобаста нест. Қонуни зиддияти мантиқӣ танҳо зиддиятҳои бемаънӣ, сафсатаро манъ мекунад. Ин қонун — қонуни фикр аст. Дар тамоми амалиёти хулосабарорӣ ва исботкунӣ қувваи ҳаракати ин қонун зоҳир мегардад. Бинобар ин, дар вақти тафаккур бояд ин қонуни мантиқиро ба асос гирифта, ба зиддиятҳои бемаънӣ роҳ дода нашавад. Ҳар як фикр дар бораи чизе ки набуд, бояд аз зиддиятҳои мантиқӣ озод бошад, зеро мавҷудияти маҳз ҳамин гуна зиддиятҳо боиси нодурустии фикр, бемантиқии он мегардад. Агар ба ҳамин гуна зиддиятҳои бемаънӣ роҳ дода шавад, дар он маврид аз фикр, муҳокима, гуфторҳои изҳоргарда, хулосаи дуруст баровардан мумкин нест ва мо дар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё