Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

баровардан бояд ду шарти зеринро ба ҷо овард: якум, донишоҳу муҳокимаҳо, ки ҳамчун муқаддимаҳои хулосабарорӣ ба кор бурда мешаванд, бояд ҳақ бошанд.

Дуюм, дар вақти хулосабарорӣ ба талаботи қонуну қоидаҳои мантиқӣ бояд риоя карда шавад. Агар яке аз ин шартҳо вайрон карда шавад, хулоса ғалат ва дурӯғ мебарояд.
Масалан:
Дар қуллаҳои кӯҳҳои паст баъзе растаниҳо месабзанд.
Қуллаҳои кӯҳҳои Ҳимолой паст мебошанд.

Пас, дар қуллаҳои кӯҳҳои Ҳимолой баъзе растаниҳо месабзанд.

Дар ин ҷо дониши хулосавӣ («Дар қуллаҳои кӯҳҳои Ҳимолой баъзе растаниҳо месабзанд») ғалат баромад, барои он ки яке аз муқаддимаҳо («Қуллаҳои кӯҳҳои Ҳимолой паст мебошанд») дурӯғ аст. Агар талаботи ягон қонун ва қоидаи мантиқӣ ба ҷо оварда нашавад, дониши хулосавӣ ғалат мебарояд.
Масалан:
Ҳамаи нависандагони машҳури советӣ асарҳои бадеии сермазмуни ғоявӣ менависанд.
Баъзе нависандагони республикаамон нависандагони машҳури советӣ мебошанд.

Пас, ҳамаи нависандагони республикаамон асарҳои бадеии сермазмуни ғоявӣ менависанд.

Дар ин ҷо дониши хулосавӣ («Ҳамаи нависандагони республикаамон асарҳои бадеии пурмазмуни ғоявӣ менависанд») ғалат аст, чунки яке аз қоидаҳои хулосабарорӣ вайрон карда шуд, ки мувофиқи он агар яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи ҷузъӣ бошад, пас хулоса ҳам муҳокимаи ҷузъӣ мешавад.

Дар баъзе мавридҳои алоҳида яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи ғалат бошад ҳам, хулоса ҳақ мебарояд.
Масалан:
Ҳамаи нависандагон драматург мебошанд.
Погодин нависанда мебошад.

Пас, Погодин — драматург мебошад.

Дар ин ҷо яке аз муқаддима («Ҳамаи нависандагон драматург мебошанд») муҳокимаи ғалат аст, вале дар хулоса муҳокима ҳақ баромад.

Хатто дар баъзе мавридҳо ҳар ду муқаддимаҳо дурӯғ бошанд ҳам, мумкин аст, ки хулоса ҳақ барояд.
Масалан:
Ҳамаи математикҳо илми грамматикаро чуқур меомӯзанд.
Ҳамаи забоншиносон — математик мебошанд.

Пас, ҳамаи забоншиносон илми грамматикаро чуқур меомӯзанд.

пешина
аз 192
навбатӣ