Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар ин хулосабарории қатъи назар аз он ки ҳар ду муқаддимаҳо ҳам муҳокимаҳои ғалат мебошанд, хулоса ҳақ баромад. Вале ин гуна мисоли алоҳида аз қоида берун аст; ҳамчун қоида барои хулосаи ҳақ баровардан бояд муқаддимаҳо ҳақ бошанд, нисбат ба он муқаддимаҳо қоидаҳои мантиқӣ бояд дуруст татбиқ карда шавад.

Дар натиҷаи татбиқ намудани қоидаи умумии муайян дар ҳар як хулосабарорӣ аз муқаддимаҳо хулоса бароварда мешавад. Ин қоидаи умумӣ асоси хулосабарориро ташкил медиҳад.

Масалан:
Диаметри доираи А бо диаметри доираи В баробар аст.
Диаметри доираи В бо диаметри доираи С баробар аст.
Пс, диаметри доираи А ба диаметри доираи С баробар аст.

Дар ин хулосабарорӣ қоидаи умумие, ки мувофиқи он «Агар ду предмет аз ягон ҷиҳат бо предмети сейум баробар бошанд, он гоҳ онҳо аз ҳамин ҷиҳат ба ҳамдигар баробар мебошанд», татбиқ карда шудааст.

Ин гуна қоидаҳои умумин ҳар як навъи хулосабарории исботи мантиқиро талаб намекунанд. Ҳақ будани онҳо аён аст, зеро дар натиҷаи ҳазорҳо бор такрор гардидани фаъолияти амалӣ исбот шудаанд. В. И. Ленин навишта буд, ки фаъолияти амалии инсон шуури инсонро миллиардҳо бор ба такрор кардани шаклҳои гуногуни мантиқӣ оварда расонидаанд, ки ҳоло ин шаклҳо (қоидаҳои исботро талабнакунанда) дорои аҳамияти аксиома мебошанд.

Фаъолияти амалии инсон на фақат қоидаҳои хулосабарорӣ, балки дуруст будани ҳар як шакли фикрро ҳам муайян мекунад. Азбаски ҳамаи қоида ва шаклҳои мантиқӣ инъикоси алоқаи муайяни муносибатҳои зарурии предметҳои олами моддӣ мебошанд, пас, дурустӣ, мувофиқ омадани ин қоида ва шаклҳо ба ҳамон алоқамандии зарурии олами объективӣ ба воситаи фаъолияти амалии инсон исбот карда мешавад.

§ 2. ХУЛОСАБАРОРИИ БЕВОСИТА

Хулосабарории бевосита яке аз навъҳои хулосабарорӣ мебошад. Дар хулосабарории бевосита фақат аз як муқаддима хулоса бароварда мешавад. Дар натиҷаи хулосабарории бевосита сифат ё миқдори муҳокимаи ҳамчун муқаддима гирифташуда тағйир меёбад, вале маънои объективии он дигаргун намешавад. Аз ин сабаб баъзе мантиқшиносон мегӯянд, ки аз хулосабарории бевосита дониши нав ҳосил намешавад. Дар ҳақиқат бо ёрии хулосабарории бевосита мазмуни муҳокимаи муқаддимавӣ саҳеҳтар, равшантар мегардад ва он ҷиҳатҳое, ки ба мо маълум нестанд, ошкор карда мешаванд. Азбаски ин хулоса

пешина
аз 192
навбатӣ