Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

б) Гардониши муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ (муҳокимаи I).

Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ мубаддал мешавад.

Масалан, муҳокимаи «Баъзе коркунони хоҷагии қишлоқ Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ мебошанд» ба муҳокимаи «Баъзе Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ — коркунони хоҷагии қишлоқ мебошанд» мубаддал мешавад.

Гардониши муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ бо чунин формула ифода меёбад:

$\frac{SiP}{PiS}$

в) Гардониши муҳокимаи умумии инкорӣ (муҳокимаи Е).

Муҳокимаи умумии инкорӣ дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи умумии инкорӣ мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи «Ҳеҷ як давлати буржуазӣ — давлати инсонпарвар намебошад» ба муҳокимаи «Ҳеҷ як давлати инсонпарвар — давлати буржуазӣ намебошад» мубаддал мешавад.

Формулаи гардониши муҳокимаи умумии инкорӣ чунин аст:

$\frac{SeP}{PeS}$

Дар баъзе мавридҳо, агар хабари муҳокимаи умумии инкории муқаддимавӣ предмети тоқаро ифода намояд, пас дар натиҷаи гардониш муҳокимаи тоқаи инкорӣ ба амал меояд. Масалан, муҳокимаи «Ҳеҷ як студенти синфи мо Назаров намебошад», ба муҳокимаи тоқаи инкорӣ «Назаров студенти синфи мо намебошад» мубаддал мегардад.

г) Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ дар амал барнагарданда аст.

Масалан, муҳокимаи «Баъзе талабагон аъзои комсомол намебошанд» бояд дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи умумии инкории «Ҳеҷ як аъзои комсомол — баъзе талабагон намебошанд» мубаддал шавад, ин гуна ифода мазмуни муҳокимаи муқаддимавиро тағйир медиҳад ва маънои мафҳуми «баъзе талабагон» норавшан мемонад; пас, муҳокимаи ҷузъии инкорӣ амалан барнагардад.

  1. Табдил

Табдил чунин хулосабарории бевосита аст, ки дар натиҷаи он сифати муҳокима тағйир ёфта, вале мазмунаш дигаргун намешавад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи тасдиқӣ ба муҳокимаи инкорӣ ва, баръакс, муҳокимаи инкорӣ ба муҳокимаи тасдиқӣ мубаддал мегардад.

пешина
аз 192
навбатӣ