Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Сабабҳои ҷиҳатҳои номаълумро ошкор карда, тарафҳои дигари муҳокимаи муқаддимавии дар шуури мо ниҳон бударо ошкор менамояд, пас, худи ҳамин чиз дониши нав пайдо кардан аст.
Хулосабарории бевосита якчанд шакл дорад.
Шаклҳои асосии хулосабарории бевосита чунинанд:
-
Гардониш; 2. Табдил ва 3. Муқобилгузории муҳокима.
-
Гардониш
Гардониш чунин шакли хулосабарории бевосита аст, ки дар вай мубтадои муҳокимаи муқаддимавӣ ба хабари муҳокимаи хулосавӣ ва хабари муҳокимаи муқаддимавӣ ба мубтадои муҳокимаи хулосавӣ мубаддал мегардад.
Бо ёрии гардониш хулосаи нав бароварда мешавад, зеро дар ҳар як муҳокима на фақат мубтадо дониши предметҳоро, балки хабар ҳам дониши дар бораи предметҳои муайяни дар бар мегирад.
Ба воситаи гардониш аз ҳар як навъи муҳокима хулоса баровардагӣ мумкин аст:
а) Гардониши муҳокимаи умумии тасдиқӣ (муҳокимаи А).
Муҳокимаи умумии тасдиқӣ дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи умумии тасдиқии «Ҳамаи давлатҳои буржуазӣ манфиати синфҳои истисморкунандаро ҳимоя мекунанд», дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқии «Баъзе давлатҳое, ки манфиати синфҳои истисморкунандаро ҳимоя мекунанд, давлатҳои буржуазӣ мебошанд», мубаддал мешавад. Бинобар ин, гардониши муҳокимаи умумии тасдиқӣ бо формулаи зерин ифода меёбад:
SaP
PiS
Дар натиҷаи гардониш одатан миқдори муҳокима тағйир меёбад, яъне муҳокимаи умумӣ ба муҳокимаи ҷузъӣ мубаддал мешавад. Чунин гардонише, ки дар натиҷаи он миқдори муҳокима тағйир меёбад, гардониши маҳдудгардида меноманд.
Агар дар натиҷаи гардониш миқдори муҳокима тағйир наёбад, ин гуна гардонишро гардониши оддӣ меноманд. Гардониши муҳокимаи умумии тасдиқӣ гардониши маҳдудгардида мебошад. Агар муҳокимаи умумии тасдиқӣ ифодаи таърифи мафҳум бошад, он гоҳ гардониши вай гардониши оддӣ мешавад. Чунончи, муҳокимаи «Фонетика илми забоншиносӣ мебошад, ки сохти овозҳои нутқро меомӯзад» дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи «илми забоншиносӣ, ки сохти овозҳои нутқро меомӯзад, фонетика ном дорад» мубаддал мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё