Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Акнун се хулосабарории зеринро таҳлил карда мебинем:

  1. Ҳамаи империалистон — истисморкунандаанд.
    Ин шахсон империалист мебошанд.
    ПАС, ин шахсон истисморкунанда мебошанд.

  2. Ҳамаи давлатҳои социалистӣ — давлатҳои демократӣ мебошанд.
    Булғория давлати социалистӣ аст.
    ПАС, Булғория давлати демократӣ мебошад.

  3. Ҳамаи ҷумлаҳои мураккаб аз якчанд ҷумлаҳои содда иборатанд.
    Ин ҷумла — ҷумлаи мураккаб мебошад.
    ПАС, ин ҷумла аз якчанд ҷумлаи содда иборат аст.

Ин хулосабарориҳое ки мазмуни конкретнашон гуногун аст, сохт ва тартиби умумӣ доранд. Ҳар яке аз ин хулосабарориҳо аз се муҳокима иборат буда, ду муҳокимаҳои аввалин муқаддима, охиринаш аз мафҳумҳое, ки дар таркиби муқаддима вуҷуд доранд, ташкил ёфтааст.

Дар таркиби муҳокимаҳои муқаддимавии ин хулосабарориҳо як мафҳуми умумӣ вуҷуд дорад, ки вай дар муҳокимаи хулосавӣ дида намешавад. Дар таркиби хулосабарории якум ҳамин гуна мафҳум — мафҳуми «империалист», дар хулосабарории дуюм мафҳуми «давлати социалистӣ» ва дар хулосабарории сеюм мафҳуми «ҷумлаи мураккаб» мебошад.

Ин умумияте ки дар байни хулосабарориҳои мазмуни конкретнашон гуногун вуҷуд дорад — сохт, тартиби дохилии онҳоро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, шакли мантиқии фикрҳои мазмунашон конкретӣ: сохт, тартиби онҳо, яъне тарзи алоқаи қисмҳои таркибии фикрҳои конкретӣ мебошад.

Дар илми мантиқ монандӣ дигар илмҳо шакл аҳамияти калон дорад. Ба воситаи шакл муносибат, алоқаи умумии чандияи чизҳо, чандин фикрҳо мухтасар ифода карда мешавад. Дар асоси ин шаклҳо қоида ва қонунҳои мантиқӣ ташкил меёбанд.

Қоида ва қонунҳои мантиқӣ нисбат ба ин ё он фикри конкретӣ мутааллиқ набуда, балки ба тамоми фикрҳои конкретие, ки дорои як хел шакли мантиқанд, тааллуқ доранд.

Чунончи, барои ҳамаи муҳокимаҳои конкретие, ки шакли «ҳамаи S-ҳо — P мебошанд», қоидаи мантиқии зерин амал мекунад: агар муҳокимае, ки шакли «ҳамаи S-ҳо — P мебошанд» ҳақ бошад, он гоҳ муҳокимаи «Баъзе S-ҳо — P мебошанд» ҳам ҳақ мешавад. Масалан: аз муҳокимаи «ҳамаи драматургҳо нависанда мебошанд» хулосаи ҳақиқии «Баъзе нависандагон драматург мебошанд» баровардан мумкин аст. Ва боз дигар мисолро мебинем. Яке аз қоидаҳои як навъи хулосабарории чунин ифода карда мешавад. «Агар A-B бошад, он гоҳ C-D мебошад» ҳақ бошад ва агар муҳокимаи «A-B аст» ҳақ бошад, он гоҳ, албатта,

пешина
аз 192
навбатӣ