Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

муҳокимаи «С-D аст» ҳақ мешавад. Ин қоида нисбат ба ҳамаи муҳокимаҳое, ки ҳамин навъ шакл доранд, амал мекунад. Масалан: «Агар ҷисм тафсонда шавад, он гоҳ ҳаҷми вай васеъ мешавад». Маълум гардид, ки «ҷисм тафсонда шуд». Пас, аз ин ҷо чунин муҳокимаи ҳақ — «ҳаҷми ҷисм васеъ шуд», мебарояд.

Хулосабарориро ҳамин хел тартиб дода, қатъи назар аз он ки дар бораи адабиёт ё забон, ҳуқуқшиносӣ ва ё дигар чиз сухан ронда истодаем, хулосаи ҳақ мебарорем.

На фақат хулосабарорӣ, муҳокима, балки мафҳум ҳам шакли фикрест, ки нишонаҳои муҳими предмет ва ё ҳодисаҳоро инъикос намуда сохти умумиро дорад. Вақте ки мо таърифи мафҳумҳои «грамматика», «давлат», «психология»-ро таҳлил мекунем, мебинем, ки дар ин ҳар се маврид ҳам таъриф аз як хел усули фикрӣ сар мешавад. Таърифкунандаи ин мафҳум дар вақти таҳлил чунин гурӯҳи предмет ва ҳодисаҳоро меёбад, ки мафҳумҳои «грамматика», «давлат», «психология» нисбат ба онҳо ҳамчун мафҳуми нави ба ҳаҷми онҳо дохил мешаванд. Акнун худи таърифҳои дурусти мафҳумҳои «грамматика», «давлат» ва «психология»-ро мебинем.

«Грамматика илмест, ки маҷмӯаи қоидаҳои тағйирёбӣ ва алоқамандии калимаро дар ҷумла меомӯзад».

«Давлат — ташкилоти сиёсии ҷамъият мебошад, ки мақсадаш ҳукмронии як синфро нисбат ба дигар синф дастгирӣ карда, муқобилияти дигар синфҳоро фурӯ нишондан аст».

«Психология илмест, ки роцессҳои психикӣ ва хусусиятҳои психикии одамро меомӯзад».

Дар ҳамаи ин се таърифҳо, қатъи назар ба мазмуни конкретии мафҳумҳои таърифшаванда, як хел усули фикрӣ истифода бурда шудааст, яъне гурӯҳҳои ҷинсии («илм», «ташкилоти сиёсӣ», «илм») онҳо муайян карда шуда, ба ҳаҷми онҳо ҳамчун навъ мафҳумҳои навӣ («грамматика», «давлат», «психология») дохил мешаванд.

Қисми дуюми ин таърифҳои мафҳум ҳам аз ҷиҳати сохт, тартиби худ, қатъи назар аз мазмуни конкретии гуногунашон, як хел мебошанд.

Шаклҳо, қоида ва қонунҳои мантиқӣ характери умумихалқӣ доранд. Қонун ва қоидаҳои мантиқӣ мисли қонун ва қоидаҳои грамматикӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ба қоидаҳои грамматикии ин ва ё он забон ҳамаи одамоне, ки бо забони мазкур сухан меронанд ва ё менависанд, қатъи назар аз он, ки дар бораи чӣ нақл мекунанд ва ё менависанд, бояд ба он риоя кунанд. Ин аз он сабаб аст, ки қоидаҳои грамматикӣ нисбат ба ин ва ё он калимаю ҷумлаи конкретӣ асос наёфта, балки нисбат ба бисёр калима ва ҷумлаҳои конкретӣ, ки як хел шакли грамматикӣ доранд, асос ёфтааст. Қоидаҳои грамматикӣ дар асоси фикрзан ҷудо кардани он умумият, ки дар тарзи ифодаи нутқии

пешина
аз 192
навбатӣ