Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Агар чор термин вуҷуд дошта бошад, он гоҳ термини миёна алоқамандкунанда намешавад. Дар ин гуна маврид термини S бо термини М муносибатдор шуда, термини P бошад, бо термини дигар — бо термини Х муносибатдор мешуд. Агар бо ёрии як калима ду мафҳуми мазмунҳояш гуногун ифода карда шуда, онҳо ҳамчун як мафҳум эътироф карда шаванд, пас ин гуна хатогӣ рӯй медиҳад.

Барои мисол силлогизми зерине, ки ҳамин гуна хато дорад, дида мебароем:

Ҳамаи вулканҳо — кӯҳ мебошанд.
Ҳамаи гейзерҳо — вулкан мебошанд.
Пас, ҳамаи гейзерҳо — кӯҳ мебошанд.

Дар ин хулосабарорӣ қоидаи зикргардида вайрон карда шудааст, чунки дар ин ҷо се термин набуда, балки чор термин вуҷуд дорад. Дар ин хулосабарорӣ чор термин мавҷуд аст, чунки калимаи «вулкан» дар доираи ҳамин хулосабарорӣ ба ду маъно (мафҳум) кор фармуда шудааст. Дар муҳокимаи якум мафҳуми «вулкан» маънои кӯҳҳои оташфишон фаҳмида мешавад, ки дар дохили онҳо моддаҳои гудохта ҳаракат мекунанд. Дар муҳокимаи дуввум бошад, мафҳуми «вулкан» — ҳар навъ оташфишоние, ки аз қаъри замин ба амал меояд, фаҳмида мешавад.

Дар айни замон дар силлогизм набояд ду мафҳум бошад, зеро агар ду мафҳум вуҷуд дошта бошад, он гоҳ хулоса такрор шуда омадани яке аз муқаддимаҳо мешавад.

  1. Термини миёна бояд дар яке аз муқаддимаҳо муштарак бошад.

Яъне термини миёна дар яке аз муқаддимаҳо ба ҳаҷми пуррааш гирифта шавад.

Агар термини миёна дар яке аз муқаддимаҳо ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашуда бошад, он гоҳ муносибати байни терминҳои S ва P-ро муайян кардан имконнопазир аст. Масалан, чунин муҳокимаҳоро дида мебароем:

Ҳамаи студентҳои синфи мо шарқшинос мебошанд.
Ин одамон шарқшинос мебошанд.

Дар ин ҷо термини миёна — мафҳуми «Шарқшинос мебо-шанд» ва дар ҳар ду муқаддима ҳам ба ҷои хабар омадааст. Ҳар дуи ин муқаддимаҳо — муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ мебошанд ва ба мо маълум аст, ки дар муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ хабари мантиқӣ номуштарак аст, яъне термини хабар ба ҳаҷми пуррааш гирифта намешавад.

Дар ҳақиқат термини миёна дар ин ҷо «Шарқшинос» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, зеро ки ба гурӯҳи шарқшиносон ғайри аз студентони синфи мо студентҳои дигар синфҳо, дигар

пешина
аз 192
навбатӣ