Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
мактабҳои олии шарқшиносӣ, олимон ва ғайра дохил мешаванд.
Пас, ин одамон мумкин аст, ки шарқшинос буда, вале студентони синфи мо набошанд.
Агар термини миёна ё ба ҷои мубтадои муҳокимаи умумӣ ё ба ҷои хабари муҳокимаи инкорӣ ояд, он гоҳ муштарак, яъне ба ҳаҷми пуррааш гирифта мешавад. Дар ин ду муҳокимаи зикргардида термини миёна на мубтадои муҳокимаи умумӣ мебошад ва на хабари муҳокимаи инкорӣ, пас вай номуштарак аст.
- Терминҳое, ки дар муқаддимаҳо муштарак намебошанд, бояд дар хулоса ҳам номуштарак шаванд.
Маълум аст, ки дар хулосаи силлогизм муносабати байни терминҳои S ва P дар асоси муносабати онҳо ба термини M муайян карда мешавад. Бинобар ин, дар хулоса дар бораи S ва P, ки дар муқаддимаҳо баён шудаанд, бояд фақат дар бораи ҳамон S ва P-ҳо фикр равад.
Агар дар муқаддима дар бораи як қисми S ё дар бораи баъзе P фикр равад, дар хулоса дар бораи ҳамаи S ё ҳамаи P-ҳо фикр пайдо кардан хато мешавад.
Мисоли зеринро дида мебароем:
Ба ҳамаи таҷовузкорон бояд ҷазо дода шавад.
Ин гражданин таҷовузкор намебошад.
Пас, ба ин гражданин бояд ҷазо дода нашавад.
Ин гуна хулоса қонунан аз муқаддимаҳо намебарояд, зеро ин гражданин мумкин аст, таҷовузкор набошад, вале ҷинояти дигаре содир карда бошад.
- Аз ду муқаддимаи инкорӣ ҳеҷ як хулоса баровардан мумкин нест.
Дар муҳокимаҳои инкорӣ ҳаҷми термини мубтадо аз дохили ҳаҷми термини хабар берун меистад. Агар ҳар ду муқаддимаҳо ҳам муҳокимаҳои инкорӣ бошанд, он гоҳ ҳаҷми терминҳои S ва P аз дохили ҳаҷми термини M берун меистад. Пас,
муносабати байни терминҳои S ва P-ро муқаррар кардан имконпазир намегардад.
Мисоли зеринро дида мебароем:
Ҳеҷ яке аз аъзоёни кружоки мо мусиқии симфониро дӯст намедоранд.
Азимов аъзои кружоки мо намебошад.
Аз ин ду муҳокима хулосаи «Азимов мусиқии симфониро дӯст намедорад», намебарояд, зеро мумкин аст, ки Азимов аъзои кружоки мо набошад, вале мусиқии симфониро дӯст дорад.
- Агар яке аз муқаддимаҳо муҳокимаи инкорӣ бошад, хулоса ҳам муҳокимаи инкорӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё