Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
фикрҳои конкретӣ мавҷуданд ва дар натиҷаи ҷудо кардани шаклҳои грамматикие, ки ба онҳо мувофиқанд, ташкил меёбанд.
Дар мавриди ташкилёбии қонун ва қоидаҳои мантиқӣ ин ё он мазмуни конкретӣ аз назар дур карда мешавад. Аммо агар дар ташкилёбии қонун ва қоидаҳои грамматикӣ ин ва ё он тарзи конкретии ифодаи нутқии фикр аз назар дур карда шавад, дар рафти ташкилёбӣ, тартиб додани қонун ва қоидаҳои мантиқӣ мо тарзи алоқамандии умумии худи фикрҳоро ҷудо карда, мазмуни конкретии ин ва ё он фикрро аз назар дур менамоем.
Бо ин сабаб қонун ва қоидаҳои мантиқ ва грамматика васеъ амал карда, васеъ истифода бурда мешаванд. Ин монандӣи қонунҳои мантиқӣ ва қонунҳои грамматикӣ бо он вобастаанд, ки дар байни фикр ва нутқ алоқаи ҷудонашавандаи узвӣ мавҷуд аст.
Аммо дар байни қонунҳои мантиқ ва грамматика фарқи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ин фарқият аз он иборат аст, ки қонунҳои грамматикӣ фақат ба он шахсоне, ки бо забони мазкур гап мезананд, умумӣ мебошад, зеро ҳар як забон сохти грамматикӣ ва қоидаҳои ба худ хосро дорад. Қонун ва шаклҳои мантиқӣ бошанд, барои ҳама умумӣ буда, характери миллӣ, синфӣ ва ҳизбӣ надорад.
§ 4. ДОНИШИ ХУЛОСАВӢ
Дар рафти дониста гирифтан, тадқиқ намудани предмет ва ҳодисаҳо, ё ин ки амалан ҳал намудани ин ё он масъала бевосита ба таҷриба, мушоҳидакунӣ муроҷиат накарда, балки донишҳоро, ки аз ин пеш пайдо карда будем, ба асос мегирем. Донишҳои аз ин пеш пайдо кардаамонро бо ҳамдигар алоқаманд намуда, онҳоро бо якдигар муқоиса карда, донишҳои навро ҳамчун хулоса пайдо мекунем. Бо ёрии ин донишҳо баъзан фикру ақидаҳое, ки ҳақ буданашон муайян нашудааст, исбот мекунем.
Бинобар ин, дар вақти фикр кардан, дониста гирифтан ва тадқиқ намудани предмету ҳодисаҳо мо бештар аз хулосабарории ақлӣ истифода мебарем. Хулосабарориро амалиёти ақлӣ меноманд, зеро онро дар процесси тафаккур ба кор мебарем. Дониши хулосавӣ бо ёрии ақл, зеҳн аз донишҳое ки аз ин пеш ба воситаи ҳиссиёт пайдо намуда будем, бароварда мешавад.
Чунончӣ, одам масофаи аз замин то ҷисмҳои осмониро бевосита андоза накардааст, вале ӯ ин масофаро дар асоси хулосабардорӣ медонад. Ё ин ки таърихчиён фактҳои археологиро мушоҳида намуда, онҳоро омӯхта дар бораи ҳодисаҳо, воқеаҳои таърихие ки бевосита мушоҳида карда наметавонанд, бо ёрии хулосабардорӣ дониш пайдо мекунанд. Хулосабардорӣ чунин усу- ли мантиқиест, ки вай дар асоси донишҳои аз ин пеш пайдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё