Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

сабаби дигар ҳодиса бошанд ва мумкин баръакс ҳодисаи А натиҷа буда, ҳодисаи а сабаб бошад. Бинобар ин бо ёрии методи тағйироти ҳамроҳа фақат дониши эҳтимолӣ пайдо кардан мумкин аст.

Методи бақияҳо

Методи бақияҳо дар вақти тадқиқ намудани ҳодисаҳои мураккаб ба кор бурда мешавад. Агар ягон ҳодисаи мураккаб дигар ҳодисаи мураккабро ба миён орад ва маълум бошад, ки сабаби қисми муайяни натиҷаи пайдошуда қисми муайяни ҳодисаи мураккаби якум аст, пас, хулоса бароварда мешавад, ки сабаби қисми боқимонда қисми боқимондаи ҳодисаи якум аст.
Методи бақияҳои индукцияи илмӣ бо формулаи зерин ифода карда мешавад:

Ҳодисаҳои муқаддам:
АВСД
В
C
Д

Ҳодисаҳои муттаокир:
abcd
b
c
d

Пас, А сабаби а мебошад.

Бо ёрии ин методи индукцияи илмӣ сайёраи Нептун кашф карда шудааст. Муқаррар кардаанд, ки ҳаракати сайёраи Уран бо орбитаи ҳисоб кардашудаи ин сайёра мувофиқ нест. Ҳаракати сайёраи Уран баъзан суст шуда, баъзан тез мешуд. Мебоист сабаби ин вайроншавии ҳаракати сайёраи Уранро муқаррар мекарданд. Ҷисмҳои дигари осмонии дар он давра тадқиқшуда ба ҳаракати Уран чӣ қадар таъсир мерасонанд, аниқ буд. Вақте ки олимон ин таъсирҳоро ҳисоб карда буданд, боз як қисми вайроншавии ҳаракати сайёраи Уран боқӣ монда буд, ки сабаби онро мебоист исбот мекарданд. Олимон тахмин карданд, ки ба ҳаракати Уран, қисми дигари ҷисми осмонии боқимонда таъсир мерасонад. Олим Леверрье мавқеи ин ҷисми осмонии дар он вақт номаълум - сайёраи навро ҳисоб карда баромад, баъд аз он телескопи пурқувваттариниро ба ҳамон ҷои тахмин кардашуда рост гузоштанд. Дар натиҷа он сайёра муайян карда шуд ва Нептун ном гирифт. Дар илми астрономия бо ҳамин метод сайёраи Плутон ҳам кашф карда шуда буд.

Мисоли дигар: Дар спектрҳои ҷисмҳои мураккаб ғайр аз хатҳое, ки элементҳои маълум ба вуҷуд меоранд, хатҳои навро ошкор намуда, хулоса мебарорем, ки дигар элементҳои нави дар соҳаи илм номаълум мавҷуданд. Ҳамин тавр дар илми физика ва химия элементҳои гелий, цезий, рубидий, полоний ва ғайра кашф карда шуданд.

пешина
аз 192
навбатӣ