Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
нисбат ба Замин тағйир ёфтани мавқеи Моҳ баландӣ, пастии оби уқёнус тағйир меёбад ва ҷойҳое, ки тағйир меёбанд, чунин қисмҳои замин мебошанд, ки онҳо ба Моҳ хеле наздик ё хеле дуртаранд, пас, аз ин хулоса бароварда мешавад, ки ҳаракати моҳ умуман ё қисман сабаби ҷазршавии оби уқёнус мебошад.
Мисоли дигар: дар баробари тағйирёбӣ, афзоиши ҳаёти иқтисодии мамлакатамон, пешравӣ сӯи коммунизм, дар мамлакат миқдори воқеаҳои ҷиноятӣ кам мешавад, бинобар ин, хулоса мебарорем, ки сабаби камшавии корҳои ҷиноятӣ тағйироти ҳаёти иқтисодии ҷамъияти советӣ мебошад.
Методи тағйироти ҳамроҳа бо формулаи зерин ифода меёбад:
| Ҳодисаҳои муқаддам: | Ҳодисаҳои муттааҳир: |
|---|---|
| $A_1BC$ | $a_1bc$ |
| $A_2BC$ | $a_2bc$ |
| $A_3BC$ | $a_3bc$ |
Пас, $A$ сабаби $a$ мебошад.
Чӣ тавре ки мебинем, бо тағйирёбии ҳодисаи $A$ ҳодисаи $a$ низ тағйир меёбад, ҳодисаҳои $B$ ва $C$ тағйир наёфтаанд, бинобар ин $BC$ сабаби ҳодисаи $a$ нест.
Қоидаи хулосабарорӣ, методи тағйироти ҳамроҳа чунин ифода карда мешавад: Ҳар як ҳодисае, ки бо тағйирёбии ҳодисаи дуюм ба тарзи муайян тағйир меёбад, пас дар байни ин ҳодисаҳо алоқаи сабабӣ мавҷуд аст.
Методи тағйироти ҳамроҳа дар он мавриде, ки ҳодисаи муқаддами тағйирёфтаистодаро аз ҳодисаи тадқиқшаванда ҷудо кардан имконнопазир аст, ба амал татбиқ карда мешавад.
Масалан, фишори газро зиёд кардаистода мушоҳида мекунем, ки ҳаҷми вай хурд мешавад, пас, хулоса мебарорем, ки тағйирёбии ҳаҷми фишор сабаби тағйирёбии ҳаҷми газ будааст. Аммо фишорро аз ҷисм (яъне газ) тамоман ҷудо кардан мумкин нест, вай танҳо зиёд ё кам карда мешавад.
Чун методҳои дигари индукцияи илмӣ аз методи тағйироти ҳамроҳа низ хулосаи ҳақиқӣ пайдо кардан мумкин нест. Хулосаи ин метод характери эҳтимолӣ дорад. Бо ёрии методи тағйироти ҳамроҳа дар ҳар як маврид чигунагии алоқаи сабабиро аниқ кардан имконнопазир аст. Агар ҳодисаҳои $ABC$ пеш аз ҳодисаи $a$ ва ҳодисаҳои $A_1BC$ пеш аз ҳодисаи $a_1bc$ оянд, пас мумкин аст, бо методи тағйироти ҳамроҳа хулоса бароварда шавад, ки ҳодисаи $A$ комилан сабаби ҳодисаи $a$ аст ва метавон гуфт, ки ҳодисаи $A$ қисман сабаби ҳодисаи $a$ мебошад. Вақте ки $ABC$ ва $abc$ қатъиян як хел тағйир ёфта, дар айни замон тағйирёбии $A$ ҳодисаи $a$ ба тарзи муайян тағйир ёбад, умуман, ҳодисаи $A,$ сабаби ҳодисаи $a$ буданаш норавшан мемонад. Чунки мумкин аст, ки ҳодисаҳои $A$ ва $a$ ҳар дуяш натиҷаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё