Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ IX
ҚИЕС
(Аналогия)

§ 1. МАФҲУМИ ҚИЕС

Маънии луғавии қиёс муқоиса мебошад. Қиёс барои муайян намудани монандӣ ва фарқи предмет ва ҳодисаҳои омӯхташаванда дар кори амалии ҳаррӯза ва илмӣ-тадқиқотӣ васеъ ба кор бурда мешавад. Вале танҳо муқоиса намудани ду предмет ё ҳодиса маънои хулоса баровардаандро надорад. Баъзан бо мақсади ошкор кардани монандӣ ва тафовути ду ҳодиса муқоиса кор фармуда шуда, вале аз он ҳеҷ як хулоса бароварда намешавад.

Дар илми мантиқ ғайр аз ин маънои оддии муқоиса намуди махсуси хулосабарорӣ мавҷуд аст, ки онро хулосаи қиёсӣ меноманд.

Қиёс чунин хулосабарорист, ки дар вай дар асоси монандии ду предмет ва ҳодиса аз як ҷиҳат, хусусиятҳо дар бораи монандӣ ҳамон предметҳо, ҳодисаҳо аз дигар ҷиҳат хулоса бароварда мешавад.

Дар вақти хулосабарорӣ ба воситаи муқоиса монандии ду предметро ба асос гирифта, хулосаи тахминӣ бароварда мешавад, ки ин предметҳо аз дигар ҷиҳатҳо ҳам монанданд.

Масалан, ба воситаи муқоиса чунин хулоса бароварда мешавад, ки дар сайёраи Марс ҳаёт ва табиати органикӣ вуҷуд дорад.
Сайёраи Марс бо Замин аз якчанд ҷиҳатҳо монанд аст. Дар сайёраи Марс ҳам монандӣ Замин атмосфера (ҳаво, фишори он), шабу рӯз, тобистону зимистон мешавад, дар вақти баҳору тобистон рӯи сатҳи Марс кабуд шуда, дар тирамоҳ зард мешавад ва ҳоказо. Аз ин хулоса мебарояд, ки дар сайёраи Марс ҳам монанди Замин, эҳтимол, табиати органикӣ вуҷуд дошта бошад.

Ин хулосаи қиёсиро таҳлил карда мебинем, ки дар муқаддимаҳо нишонаи монандии ду предмет (Замин ва Марс) шизкос
ёфтааст, ғайр аз ин яке аз ин предметҳо дорои чунин нишона
(вуҷуд доштани табиати органикӣ) мебошад, ки ба предмети
дуюм хос будани ҳамин нишона номаълум аст. Азбаски ин предметҳо

пешина
аз 192
навбатӣ