Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

бо нишонаҳои худ ба ҳам монанданд, пас, хулоса бароварда мешавад, ки онҳо аз ҷиҳати нишонаи мазкур ҳам монанданд.

Дар илми мантиқ дар бораи моҳияти хулосаи қиёсӣ ду хел ақида ҳаст.

Баъзе мантиқшиносон хулосабарории қиёсиро хулосабарории индуктивӣ мешуморанд, зеро хулосаи вай ҳамеша характери ҳақиқати эҳтимолӣ дорад ва он дониши наве ки ҳамчун хулоса бароварда мешавад, ба он предметҳои наве ки дар муқаддима нақис наёфтаанд, тааллуқ дорад. Қиёс ба чунин қоидаи умумии хулосабарории индуктивӣ асос ёфтааст, ки мувофиқи ин қоида сабабҳои муайяни дар шароитҳои маълуми тағйирнаёбанда, натиҷаҳои муайянро ба миён меоваранд.

Бо ақидаи баъзе мантиқшиносон хулосаи қиёсӣ на ин ки индукция, балки навъи махсуси хулосабарории дедуктивӣ мебошад. Мувофиқи ин ақида хулосаи қиёсӣ навъи махсуси хулосабарории дедуктивӣ мебошад, зеро агар дар силлогизм вазифаи термини миёнаро айнан як мафҳум иҷро кунад, дар хулосаи қиёсӣ вазифаи термини миёнаро мафҳумҳои ба ҳам монанд иҷро менамоянд.

Дар силлогизми қатъӣ, ки бо формулаи:

M — P
S — M
S — P

ифода мешавад, дар ҳар ду муқаддима ҳам роли термини миёнаро айнан як мафҳум (М) иҷро мекунад. Дар хулосаи қиёсӣ термини миёнаи ҳақиқӣ не, балки ду термини ба ҳамдигар монанд мавҷуданд. Пас, хулосаи қиёсӣ ба воситаи формулаи зерин ифода меёбад:

М (а, в, с) дорои нишонаи Р аст.
S бо М бо нишонаҳои а, в, с худ монанд аст.
Пас, эҳтимол S дорои нишонаи Р бошад.

Дар мисоли зикршуда, термини М Замин ва нишонаҳои онро (сайёра, атмосфера, шабу рӯз, тобистону зимистон шудан ва хоҳандро) ифода мекунад. Термини S мафҳуми Марсро ифода менамояд. Лекин нишонаҳои а, в, с, ки дар муқаддимаҳои якум ва дуюм мавҷуданд, айнан як хел набуда, балки бо ҳамдигар монанд мебошанд. Аз ин сабаб дар формулаи ин хулосабарорӣ нишонаҳои предмети дуюм (Марсро) ба воситаи $a_1$ $в_1$ $c_1$ ифода мекунем; дар ин маврид формулаи хулосаи қиёсӣ чунин ифода меёбад:

М (а, в, с) дорои нишонаи Р аст.
S дорои нишонаи М ($a_1$, $в_1$, $c_1$) аст.
Пас, эҳтимол, S дорои нишонаи Р бошад.

Дар ҳақиқат хулосаи қиёсӣ як навъи хулосабарории индуктивӣ мебошад, зеро мафҳумҳое ки айнан як маъно доранд ва

пешина
аз 192
навбатӣ