Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Барои тараққиёти илми мантиқ, олим ва философи машҳури фаронсавӣ Рене Декарт (1596-1650) ва мутафаккири немис И. Г. Лейбниц (1646-1716) ҳиссаи калоне гузоштаанд. Декарт роҳҳои фикри саҳеҳ, возеҳро муайян намуда, бар зидди ақидаҳои динӣ ва фикрҳои хушку холии бемазмун дар мантиқ мубориза бурда буд. Лейбниц ҳамчун математики машҳур дар соҳаи тафаккури мантиқӣ татбиқ намудани методи математикии хулосабарорӣ ва исботро нишон дода, якумин бор дар таърихи мантиқ идеяи ҳисобкуниҳои мантиқиро ба миён гузошта буд ва қонуни асосибасандаро ҳамчун яке аз қонунҳои умумии ҳар як фикр муайян намуда буд.
Аз мавқеи философияи идеалистӣ бо шарҳдиҳиҳои қонунҳо ва шаклҳои фикр яке аз асосгузорони философияи классикии немис Э. Кант (1724—1804) баромад карда буд. Ӯ қонунҳои мантиқиро хусусияти аслии тафаккур ва онро бо реалияти объективӣ новобаста мешуморид. Ба қавли Кант бо ёрии қонун ва қоидаҳои мантиқӣ на ин ки ҳақиқат дониста мешавад, балки фақат тасаввурҳо бо ҳамдигар алоқаманд карда шуда, бо якдигар мувофиқ кунонида мешаванд. Ба фикри Кант мантиқ ба мазмуни фикр алоқае надорад, гӯё вай танҳо барои бо ҳамдигар мувофиқ гардонидани фикрҳо хизмат мекунад.
Философи бузурги немис Г. Гегель (1770—1831) дар просесси тафаккур амал кардани қонунҳои диалектикиро бо ақидаи идеалистӣ маънидод мекард. Ӯ қатъи назар аз он ки методи метафизикиро дуруст танқид кардааст, бо вуҷуди ин инкишофи ҳақиқии фикрро аз мавқеи назарияи идеалистии худ фаҳмонида наметавонист.
Аҳамияти асарҳои дар соҳаи философия навиштаи мутафаккирони машҳур, материалистони асри XIX-и Россия — Герцен, Белинский, Чернышевский ва дигарон барои тараққиёти таълимоти мантиқ ниҳоят калон аст. Хизмати олимон — табиатшиноси машҳури рус Сеченов, Павлов, Тимирязев, педагоги бузург К. Д. Ушинский ва мантиқшиноси рус Каринский, Рутковский ва дигарон дар соҳаи тараққиёти фикрҳои мантиқӣ аз он иборат аст, ки онҳо аз нуқтаи назари материализм қонун ва шаклҳои фикрро фаҳмонида, бар зидди ақидаҳои идеалистии мантиқӣ мубориза мебурданд. Дар асри XIX ба туфайли асарҳои мантиқшинос ва математики инглис Ҷорҷ Бул (1815-1864) мантиқи математикӣ ҳамчун фанни алоҳида ба вуҷуд меояд. Ӯ бори аввал якумин системаи мантиқи математикиро кор карда баромад, ки баъдтар ба ин система алгебраи мантиқ ном дода шуд.
Идеяҳои алгебраи мантиқи Ҷ. Бул дар асарҳои мантиқшиноси инглис У. С. Сжевонс (1835-1882), мантиқшиноси немис Э. Шредер, олими амрикоӣ Ч. С. Пирс ва математики рус П. С. Порецкий ривоҷ дода, ҷамъбаст карда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё