Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

тики ҷумлаҳо вуҷуд дорад, ки онро гурӯҳи дигари мантиқшиносони Юнон — стоикҳо ба вуҷуд овардаанд. Таълимоти мантиқии мутафаккирони Осиёи Миёна на фақат назарияи силлогизми Аристотель, инчунин мантиқи ҷумлаҳоро дар бар мегирад, ки он аз назарияи силлогизм ба куллӣ фарқ дорад.

Мантиқшиносони Осиёи Миёна бо баён ва шарҳ додани тамоми мантиқи Юнон маҳдуд нагардидаанд. Хизмати калони мантиқшиносони Осиёи Миёна аз он иборат аст, ки онҳо ҷиҳатҳои мусбат ва беҳтарини назарияҳои мантиқии юнониҳо ва дигар мамлакатҳои Ғарбу Шарқро инкишоф дода, бо баробари терминуҳои ғайридоимии мантиқро бо аломатҳо ифода намудан, константҳои (доимиҳои) мантиқиро низ ба воситаи аломатҳои махсус баён кардаанд. Масалан, Абуалӣ ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ ва дигар мантиқшиносони мо терминуҳои мантиқии ғайридоимиро бо аломатҳо ва ҳарфҳои арабии ابج ва ғайра ифода намудаанд. Тӯсӣ сифати муҳокимаҳо ва кванторҳои умумият ва мавҷудиятро бо аломатҳо ифода намуда, чунин менависад: «Мувозоти хатҳо аломати эҷоб буд ва адами мувозот аломати салб. Ва мувозоти маҳмул ҳама мавзӯъро аломати куллӣ ва баъзеро аломати ҷузъӣ» 1.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки системаҳои мантиқии мутафаккирони Осиёи Миёна ба тарзи аксиоматикӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин, ҷиҳатҳои зикршудаи таълимоти мантиқии мутафаккирони Осиёи Миёна дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки назарияҳои мантиқии онҳо бо илми мантиқи ҳозиразамон хеле наздиканд.

Барои инкишофи илми мантиқ, асарҳои файласуфон — материалистони асри XVII, хусусан асарҳои материалисти англис Фрэнсис Бэкон (1561—1626) аҳамияти калон доранд. Бэкон дар асари машҳури худ «Новый органон» («Аслиҳаи нави дониш») бар зидди файласуфоне, ки ҷиҳатҳои мусбати мантиқи Аристотельро партофта, ҷиҳатҳои манфии таълимоти ӯро ривоҷ дода, паҳн мекарданд, муқобил баромада, як қисми муҳими мантиқи замони ҳозира — таълимотро дар бораи хулосабарории индуктивии тадқиқ намудааст. Ба фикри Бэкон индукция методест, ки бо ёрии вай алоқаҳои сабабии ҳодисаҳои табиат муайян ва исбот карда мешаванд. Бэкон методҳои хулосабарории индуктивии илмӣ — методҳои монандӣ, тафовут, тағйироти ҳамроҳа ва методи муттаҳидшудаи монандӣю тафовутрӯ ошкор карда буд.

Тадқиқоти масъалаҳои хулосабарории индуктивии илмиро дар асри XIX файласуфи англис Ҷон Милл, олимон ва мантиқшиносон Гершел, Уэвелл давом доданд.

  1. Насриддини Тӯсӣ, «Асос-ул-иқтибос», чопи Донишгоҳи Теҳрон, соли 1326 ҳиҷрӣ, саҳ. 190.
пешина
аз 192
навбатӣ